Санаи 4 августи соли равон дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ баргузор гардид.
Дар озмуни мазкур аъзоёни комиссия дар ҳайати муовини якум ва муовини соҳавии Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва намояндаи Агентии хизмати давлатии назди Президанти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.
Ба озмуни мазкур 4 нафар довталабон ҳуҷҷатҳои худро пешниҳод намуданд.
Зимни баррасии ҳуҷҷатҳо ҳамаи довталабон ба даври дуввум роҳ ёфта, аз санҷиши пешакӣ гузаштанд ва дар озмуни баргузоргардида ширкат варзиданд.