Экстремизм ва терариз яке аз омилҳои даҳшатафкан ва хатарафзо дар ҷомеа буда, имрӯзҳо мардумон ва давлатҳои абарқудрат инчунин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таҳлука андохтааст, ки дар ин раванди номатлуб саҳми муборизи зан -Модар дар тарбияи дуруст ва ба роҳи рост ҳидоят намудани фарзандон бениҳоят зарур мебошад. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист, ки барои беҳбуди вазъи занон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намояд.
Аз рӯзҳои авали Истиқлолияти давлатӣ то ба имрӯз бо мақсади таъмини иштироки васеи занон дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ иҷтимоиву иқтисодии ҷумҳурӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёрии қуқуқиро қабул намуд, ки онҳо ҷихати баланд бардоштани мақоми зан дар бунёди ҷомеаи демократӣ нақши мухим мебозанд. Фармони Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 дар бораи тадбирхои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа баҳри аз байн бурдани мушкилоти гендерӣ оид ба нақши занон дар ҷомеа заминаи мусоид фарохам овард. Нақши зан- модар дар тарбияи насли муосир асоси бунёди миллату ҷомеаи солим, пеш аз ҳама ба фазои солимии оила вобастагӣ дорад. дар замони имрӯза, оила чун зинаи аввали бунёди ҷомеа беш аз пеш аҳмияти хоссаро соҳиб гаштаистодааст.
Аз қадим тарбияи фарзанди солим некирдориву солеҳ ва ватандуст дар таърихи миллати тоҷик яке аз вазифаҳои муҳиму муқаддаси оила ва ҷамъият ба шумор рафтааст. Зан бояд босаводу бо маърифат бошад тарбияи дурусти оиларо гирифта, руҳияи худшиносӣ ва тафакури маънавиаш бозҳам беҳтар рушд диҳад чун, ки фарзанд ғизои нахустинро аз шири модар мегирад ва ҳамчун аввалин нишонаҳои тарбияро низ аз модари хеш меомӯзад. Тарбияи хуби фарзанд ки узви иҷтимоии оянда мебошад ниҳоят муҳим ва зарур мебошад. Аз ин рӯ занон бояд бештар кушиш кунанд, ки роҳи илму ҳикматро пеша кунанд. Масъулияти волидайн бояд бештар ба зан- духтар равона гардад зеро вай дар оянда бунёдгузори оила ва тарбияткунандаи насли оянда ба шумор меравад. Хулоса яке аз вазифаҳои муҳим ва масъулиятноки зан-модар ин тарбия намудани кӯдакону наврасони худогоҳу худшинос ватандусту меҳанпараст мебошад.
Имрӯз дар замони ҷаҳонишавӣ яке аз масъалаҳое, ки давлати миллиамонро ба ташвиш овардааст ин ҳифзи фарҳанг ва арзишҳои миллӣ-суннатӣ мебошад махсусан давоми даҳсолаи охир рӯй овардани ҷавонон ба арзишҳои бегона зиёд мушоҳида мешавад. Яке аз арзишҳои миллӣ ин либоси миллии суннатии занону духтарон мебошад, ки симои миллатро нишон медиҳад ва муҳимтарин унсури фарҳанги миллӣ мебошад. Сабаби асосии майли занону духтарони мо ба либоси ғайримиллӣ, тақлидкорӣ, муд шудани пӯшидани ингуна либосҳо ва намоиш додани мазҳабӣ будани худ мебошад. Аз инҷо бар меояд, ки пӯшидани ҳиҷоб аз рӯи эътиқоди динӣ ва ё ба роҳат ҳис кардани худ нест, яъне пӯшидани ин либосҳо аз рӯи ҳавою ҳавас ва тақлидкорӣ сурат мегирад, ки манфиати воқеи надорад. Аз инҷо бар меояд, ки таъсири волидайн дар интихоби либоси духтарон хусусан ҳиҷоб хеле паст баназар мерасад.
Бинобар ин падару модаронро зарур аст, ки барои пос доштани фарҳанги пурғановати миллӣ ва баланд бардоштани ватандустиву худшиносии миллӣ фарзандонро тарбия намоянд чун, ки асоси тарбия аз оила сарчашма мегирад.
Ман ба мардум аз ҷумла ба занону духтарони бо нангу номуси ноҳия бовариву эҳтимод дорам, ки аз аввал ҷонибдори сиёсатҳои хирадмандонаи Роҳбарияти олии кишвар буданд ҳастанд ва мемонанд ва ҳеҷгоҳ ба бегонапарастӣ ва ифротгароӣ роҳ намедиҳанд.
Гадозода Меҳринисо:
муовини раиси ноҳияи Тоҷикобод