Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.07.2011, №1482 дар бораи Дастури тартиби гузаронидани машваратҳои августӣ ва маҷлисҳои васеи кормандони соҳаи маориф дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, имрӯз дар Қасри фарҳанги ноҳия машварати августии омӯзгорони ноҳия баргузор гардид.
Дар кори машварат Раиси ноҳия мӯҳтарам Фақерзода Қадриддин Аббос ва намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни баромади худ Раиси ноҳия муҳтарам Фақерзода Қадриддин Аббос қайд намуданд, ки соҳаи маориф соҳаест, ки сараввал дар мади назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои муаззами миллат Президентии кишварамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва соҳаи ҳаётан муҳим, ки ояндаи давлату миллат аз он вобастагӣ дорад ва дар ин соҳа шахсони тасодуфӣ бояд набошад. Қайд намуданд, ки кормандони ин соҳа – омӯзгорон бояд ҳамеша бар он талош намоянд, ки кадрҳои Ватанпарвару донишмандро ба воя расонанд. Омӯзгор бояд ҳамеша болои дониши худ кор намуда, ба хонандагон донишҳои муосиро омузонад.
Баъдан ахборот сармутахассиси шӯъбаи маориф барои соли хониши 2023-2024 шунида шуд.
Дар фарҷоми машварат собиқадорони соҳа бо туҳфаҳои хотиравӣ ва омӯзгорони фаъол бо Сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қадрдонӣ гардиданд.
Суратгузориш аз машварат: