Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи Макомоти ичроияи хокимияти давлатӣ бо иштироки муовини раиси ноҳия, занону духтарон ва кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҷавонон ва шуъбаву бахшҳои Мақомоти иҷроия конференсия дар мавзуи “Истиқлолият нишони пойдории давлат” баргузор намуд.
Конференсияро муовини раиси ноҳия оид ба идеология Мансурзода Қодирҷон, мудири бахши кор бо занон ва оила Ҳусейнзода Фарзона ва мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Некбахтшоев Бахтовар ифтитоҳ намуда, иброз доштанд, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ дар кишвар ҷиҳати баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардону занон, тадбирҳои зиёде роҳандозӣ гардиданд. Таърих собит сохт, ки нақш ва мақоми зан дар ҷомеа дар таърихи фарҳанги миллӣ муҳим арзёбӣ гардида, имруз фаъолияти занон дар тамоми ҳаёти ҷомеа равшан ба назар расида, ки ин ҳама собитсозандаи таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои беҳгардонии кору фаъолияти занон мебошад.
Инчунин дар конференция кормандони шуъбаи маориф, ҷавонон ва беморхонаи марказӣ доир ба мавзуъ баромад намуданд.