Ҷавонони ноҳияи Тоҷикобод бо дарки асолати баланди ватандӯстӣ, ҳуввияти миллӣ чун анъана нақшаи даъват ба хизмати ҳарбиро дар рӯзи аввал иҷро намуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки тули солҳои охир сафи ҷавонони ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ афзуда, нақшаи даъват дар як рӯз 100% иҷро мегардад. Ва ин ҷавонони боғайрати ноҳия ба сафи Кувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста, сарбаландона адои хизмат менамоянд.