14-уми октябри соли ҷорӣ дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод ҷаласаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия «Оид ба ҷамъбасти фаъолият дар нуҳ моҳи соли 2024 ва вазифаҳо то охири сол» баргузор гардид, ки дар он Раиси ноҳияи Тоҷикобод муҳтарам Фақерзода Қадриддин Аббос, муовини якум, муовинони раиси ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва роҳбарони ташкилоту идораҳои ноҳия иштирок намуданд.
Ҷаласа бо садо додани Суруди миллӣ ифтитоҳ гардида, сипас ҳисоботи муовини якуми раиси ноҳия «Оид ба ҷамъбасти фаъолияти натиҷаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар нуҳ моҳи соли 2024» шунида шуд.
Пасон Раиси ноҳия муҳтарам Фақерзода Қадриддин Аббос зимни баромади худ вобаста ба дастовардҳо ва камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти нуҳ моҳи соли 2024 суханронӣ намуда, бобати баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилот, зимистонгузаронӣ, ҷамъоварии ҳосили кишоварзӣ, кам кардани бақияпулиҳои андоз, пайдо намудани сарчашмаҳои нави андозбандӣ ва бо ин валиса ғани гардонидани буҷет инчунин дигар масъалаҳои мубрам ба масъулин дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.