Имрӯз, 22-уми октябри соли ҷорӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардидаи ҷумҳуриявӣ ба муносибати «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024, ҳайати гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешбурди корҳои доимӣ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Тоҷикобод бо доираи васеи сокинону фаъолон ва намояндагони сохторҳои дахлдори ноҳия вохӯрӣ анҷом доданд.
Дар вохӯрӣ Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода, сардори Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуҳрат Ғанизода, Раиси ноҳия Фақерзода Қадриддин Аббос иштирок намуданд.
Раиси ноҳия Фақерзода Қадриддин Аббос маҷлисро оғоз намуда, иброз доштанд, ки, ки мақсади асосии баргузории ингуна вохӯриҳо пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии шаҳрвандон дар самти ҳуқуқ ва риояи қонунҳо, тарғиби арзишҳои демократӣ, мастаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон ва муносибатҳои эҳтиромона ба он ба шумор меравад.
Зимни баромади худ Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён баён доштанд, ки раванди ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон танҳо масъулияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дигар мақомоти марбутаи давлатӣ набуда, барои амалӣ кардани он бояд тамоми қишрҳои ҷомеа, мутахассисони гуногуни ҳуқуқдон ва дилсӯз, зиёиёну равшанфикрон бояд ҷалб карда шаванд, то маърифати ҳуқуқӣ, шуури ҳуқуқӣ ва фарҳанги ҳуқуқиро дар байни ҷомеа ба таври дурусту муносиб ва густурда фаҳмонанд. Зеро сараввал бояд мардум ба ин мафҳумҳо сарфаҳм раванд ва баъдан амал намоянд.
Таъкид шуд, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ яке аз вазифаҳои муҳиму аввалиндараҷаи давлатҳое мебошад, ки роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро интихоб намудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қисми якуми моддаи 1-и Конститутсияи мамлакат давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон шудааст. Арзишҳои гуфташуда собит менамоянд, ки дар таърихи инсоният онҳо аз арзишҳо дар самти таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд беҳтар дониста мешаванд.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода дар баромади худ баён дошт, ки дар замони муосир яке аз нишонаҳои муҳими давлатдорӣ ин доштани рамзҳои муқаддас, алалхусус Конститутсия буда, маҳз дар он масъалаҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва арзишҳои эътирофнамудаи башарӣ мустаҳкам мегардад. «Дар баробари ин, муҳимтарин арзишҳои умумибашариро маҳз Конститутсия дар худ мустаҳкам менамояд, ки минбаъд дар раванди қабул ва татбиқи қонунҳо дар мадди назар қарор додани онҳо барои субъектони ваколатдори давлатӣ ҳатмӣ мебошад»,-иброз намуд ӯ.
Баромадкунандагон изҳор доштанд, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ аз дигар ҷомеа бо он фарқ менамояд, ки дар он ҳуқуқ ва озодиҳои табиии инсон эътироф гардида, механизми самараноки ҳимояи чунин ҳуқуқу озодиҳо муқаррар карда мешавад. Бинобар ин, сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ ва тарғиби ҳуқуқӣ шароит фароҳам меорад, ки шаҳрвандон аз ҳуқуқҳои худ истифода баранд, масъулият дошта бошанд ва ба имконияти баробар, аз ҷумла имконияти ҳуқуқӣ тавассути волоияти қонун дастрасӣ дошта бошанд, ки он барои расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳадафҳои ворид шудан ба қатори давлатҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.
Дар охир байни сокинон ва меҳмонон суҳбати озоду самимӣ ва табодули афкор сурат гирифт.