Имрӯз дар қасри фарҳанги ноҳия бахшида ба 30-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ ва фарҳангӣ баргузор шуд.
Чорабиниро раиси ноҳия муҳтарам Фақерзода Қадриддин Аббос оғоз намуда, иштирокдоронро ба ин муносибат табрику муборак бод намуда, қайд доштанд, ки санади мазкур дар марҳилаи барои халқи тоҷик тақдирсоз ба тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул гардида, роҳи минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлолро муайян ва марҳилаи навбатии рушду инкишофи Тоҷикистонро оғози тоза бахшид.
Инчунин Раиси суди ноҳия Сафарзода Ғозибек ва прокурори ноҳия Муродзода Фаррух баромад намуда, вобаста ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфасал доданд.
Дар фарҷоми члрабинии тантанавӣ фаъолон ва ғолибони озмуни “хушдомани беҳтарин” ва “фарзанд боғи падар” бо сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз гардиданд.
Инчунин бо мақсади дар сатҳи зарури баргузор намудани чорабинии мазкур аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳия чорабинии рангини фарҳангӣ доир гардид.