Имрӯз раиси ноҳияи Тоҷикобод муҳтарам Фақерзода Қадриддин Аббос ғолиби ҷои сеюми озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” Исматова Райҳонаро самимона пешвоз гирифт.
Мақсад аз он ин бедор намудани завқи китобхонӣ ва донишандузӣ миёни хонандагон мебошад.
Исматова Райхона хонандаи синфи 11-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4-и ноҳияи Тоҷикобод буда, сазовори ҷои сеюм дар озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” аз рӯи номинатсияи эҷоди назму наср гардид.
Дар ин пешвозгирӣ роҳбарони ташкилоту идораҳо, гирандагони стипендияи Президентӣ ва раиси ноҳия, инчунин хонандагон иштирок варзида, ғолиби озмуни мазкур бо Ифтихорнома ва туҳфаи хотиравии раиси ноҳия қадрдонӣ гардид.