30 ноябри соли ҷорӣ бо иштироки Раиси ноҳияи Тоҷикобод муҳтарам Фақерзода Қадриддин Аббос Рӯзи кормандони иақомоти маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳия дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроия баргузор гардид.
Чорабиниро Раиси ноҳия оғоз намуда, кулли кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ҷамоатҳои деҳоти ноҳияро ба ин муносибат табрику муборакбод намуда, қайд гардид, ки мақсад аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ва 1-уми декабр рӯзи кормандони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунӣ бахотири ҳавасмандгардонии кормандони ин ниҳод мебошад ва боиси ифтихори мо кормандони ин ниҳод мебошад.
Қайд гардид, ки таҳти сиёсатҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми соҳаҳо ру ба пешравиҳои зиёд намуда, кормандон бо шароитҳои беҳтарини корӣ таъмин мебошанд, ки аз ин кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод низ бархурдор мебошанд ва моро зарур мебояд, ки бақадри ин ҳама имкониятҳо расида, бо ифтихор ва хушнудӣ беш аз ҳарвақта содиқонаву софдилона тамоми сиёсатҳои наҷиби пешвои муаззами миллатро дар маҳад татбиқ намуда, вазифаҳои хизматии худро содиқонаву софдилона иҷро намуда, дар рушду нумуи Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошем.
Инчунин дар ин маҷлис собиқадори хизмати давлатӣ Рамазонзода Зулфиқор ва роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Акбарзода Назрвалӣ баромадҳо намуда, вобаста ба дастовардҳои соҳа ибрози андеша намуданд.
Ҳамчунин бахшида ба ин рӯз кормандони фаъоли Мақомоти иҷроия бо Сипосномаҳои Раиси ноҳия сарфароз гардиданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code