10 январи соли ҷорӣ маҷлиси кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар навоҳии водии Рашт баргузор гардид.
Дар кори маҷлис роҳбари дастгоҳи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдураҳмон Хонзода, муовини якуми раиси ноҳияи Рашт Ҳамдулло Шарифзода, муовини раиси ноҳияи Рашт Маҳмадисо Ҷононзода раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар ноҳиҳои водии Рашт ва раиси ҳавзаи интихоботии Рашт 12 Юнус Абдуллоев оид ба интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин намояндагони комиссияҳои ҳавзавии интихоботӣ, собиқадорони ҳизб, занон ва ҷавонони фаъол иштирок намуданд.
Ҷаласа бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, ҳозирин бо рӯзномаи маҷлис шинос карда шуданд ва ҳайати раёсати корӣ, котибот, комиссияҳои таҳририя ва баҳисобгирии овозҳо бо ҷонибдории аъзои кумитаи иҷроия тасдиқ гардиданд.
Дар кори маҷлис масъалаҳои вазифаи ташкилотҳои ҳизбӣ ҷиҳати тарғиб ва амалигардонии нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсиси Ситоди пешазинтихоботии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Рашт, пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Рашт 12 мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Вобаста ба масъалаи якуми рӯзнома, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сангвор Темур Қурбонзода доир ба вазифаҳои ташкилотҳои ҳизбӣ ҷиҳати тарғиб ва амалигардонии нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза кард.
Баъд аз шунидани маърӯза маҷлиси якҷояи кумитаҳои иҷроия қарори дахлдор қабул намуд.
Сипас, аз рӯи масъалаи дуюм Ситоди пешазинтихоботӣ дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рашт бо ҷонибдории аъзои кумитаи иҷроия таъсис ёфт, ки ҳайати он 17 нафарро дарбар гирифт.
Аз рӯи масъалаи сеюми рӯзнома баён гардид, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2024, таҳти № 882 рӯзи баргузории Интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо моҳи марти соли 2025 таъин карда шудааст.
Дар ин робита, тибқи моддаи 35 Оинномаи ҲХДТ номзадии Идизода Файзалӣ Фузайлшо барои пешбарӣ ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Рашт № 12 пешниҳод гардида, аз ҷониби аъзои кумитаҳои иҷроияи ноҳияҳои водӣ якдилона ҷонибдорӣ гардид.
Файзалӣ Фузайлшо дар фарҷоми ҷаласа риштаи суханро ба даст гирифта, ба иштирокчиёни маҷлис ҷиҳати дастгирӣ ва боварияшон изҳори сипос кард. Мавсуф, ҳамчунон, иброз дошт, ки бо тамоми ҳастӣ кӯшиш мекунад, то сазовори боварии Пешвои муаззами миллат ва боварии интихобкунандагон бошад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code