11 январи соли 2025 ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Тоҷикобод дар соли 2024 бо иштироки намояндаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ходимони дин ва раисони маҳаллаҳо баргузор гардид.
Раиси ноҳияи Тоҷикобод муҳтарам Фақерзода Қадриддин Аббос зикр намуд, ки аҳли заҳмати ноҳия бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ ва ҳангоми сафари корияшон ба ноҳияи Тоҷикобод баён намуданд, дар доираи барномаи нақшаҳои тасдиқ гардида, чораҷӯӣ карда, соли 2024 – ро бо нишондодҳои назаррас ҷамъбаст карданд.
Раиси ноҳия дастовард ва мушкилоти фаъолияти ноҳияро арзъёбӣ намуда, ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин: ҷиҳати таъмини андоз, истифодаи пурсамари оқилонаи замин, обёрӣ ва ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани заминҳои бекорхобида, ташвиқу тарғиб ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, беҳтар намудани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, пешгирӣ аз талафоти барқ ва ҷамъоварии ҳаққи истифодаи нерӯи барқ, ҷилавгирӣ аз ҷинояткорӣ ва амалҳои ношоиста дар миёни наврасону ҷавонон, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ, таълими ғайриқонунии динӣ, вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Ҳамчунин дар фарҷом хонандаи муассисаи таълимии рақами 4, ки дар озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” сазовори ҷои сеюм гардид ва омузгори Ӯ бо сипосномаҳо ва туҳфаҳои пулӣ сарфароз гардиданд. Ҳамчунин роҳбарони ташкилоту идораҳои ва соҳибкорони фаъол низ бо сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.