Имрӯз сохторҳои дахлдори ноҳияи Тоҷикобод дар самти Рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа бо сокинони деҳаи Фатҳобод, Ҷамоати деҳоти Қалъаи Лаби Об бо усули “Деҳа ба деҳа” ва “Маҳал ба маҳала” барои марҳилаи якум суҳбату вохӯриҳо анҷом доданд.
Дар ин вохӯри муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 28 декабри соли 2024 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар” ироа гардид, ба саҳми ҳозирин расонида шуд. Инчунин масъалаҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ташкилотҳои террористиву экстремистӣ, вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” баррасӣ шуданд.