Имрӯз дар назди Қасри фарҳанги ноҳия ҷашни Сада бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардида, зимни он урфу одатҳои миллӣ, маҳсули дасти деҳқонон аз қабили ниҳолу буттаҳо, сабзавоту меваҳои хушк, тухмии зироатҳо ва техникаҳои кишоварзӣ мавриди намоиш ва баҳрамандии сокинони ноҳия қарор гирифт.
Дар чорабинии идона Раиси ноҳияи Тоҷикобод Фақерзода Қадриддин Аббос, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, кормандон шуъба ва бахшҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ташкилоту муассисаҳо ноҳия иштирок намуда аз маҳсули дасти деҳқонон ва ҳунарҳои мардумӣ дидан карданд.
Раиси ноҳия муҳтарам Фақерзода Қадриддин Аббос кулли сокинони ноҳияро ба ифтихори фарорасии ҷашни бостонии Сада муборакбод намуда, бо ифтихор аз дастовардҳои соҳибистиқлолӣ, ки дар партави сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд суханронӣ намуда, аз ҷумла изҳор доштанд, ки ҷашни Сада чун падидаи фарҳанги асили аҷдодӣ ба як ҷузъи ҷудоинопазири худшиносӣ ва ифтихори миллӣ, рушди пешаи кишоварзӣ ва василаи таблиғу ташвиқи корҳои деҳқониву боғдорӣ табдил ёфтааст, ки бо чунин руҳу илҳом ва иқдому ниятҳои нек сокинони ноҳияи Тоҷикобод бо шукургузорӣ аз фазои сулҳу субот, Истиқлоли давлатӣ, оромии кишвари азизамон ва пеш аз ҳама садоқат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онро бо тантана таҷлил намуда истодаанд. Дар идомаи суханронии худ ҳамчунин сокинони ноҳияро ба таблиғи ғояҳои нек, аз қабили садоқат ба Ватан, осоишу ваҳдати инсонҳо, дӯст доштани табиат ва заҳмат ба хотири баракату фаровонӣ, ободу сарсабз гардонидани табиати диёр, гулгашту кӯчаҳо, тозаву озода кардани хонаву кошона ва маҳалли зист раҳнамун сохта, кишоварзону боғдоронро ба мавсими омодагии киштукори баҳорӣ ва бештар заҳмат кашидан ҳавасманд намуданд.
Ҳамчунин фаъолони соҳа бо туҳфа ва сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз гардиданд.
Дар идомаи ҷашн барномаи фарҳангии бахши фарҳанги ноҳия пешкаши сокинон гардид.