“Мо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки дурнамои сиёсати давлати тоҷикон бевосита ба афкори ваҳдати миллӣ ва эҳёи давлатдории тоҷикон асос меёбад.”

Эмомалӣ Раҳмон.

​Пойдории давлат ва таҳкими асосии сохтори конститутсионии он ҳадафҳое мебошанд, ки бо сиёсати омирона дар муносибатҳои дохилӣ ва хориҷӣ, рушди бомароми низоми иқтисодӣ, пешрафти мунтазами ҳаёти иҷтимоӣ, таъриху фарҳанги пурғановат, руҳияи созандаи халқу худшиносии миллӣ ва ба ин монанд дигар омилҳои муҳим таъмин гардид, демокративу дунявӣ ҳафт самти рушди давлатдории миллии худро муқаррар намудааст, ки заминаи онҳоро асосан арзишҳои иҷтимоӣ мафкуравӣ идеологӣ ташкил медиҳанд.
​Мафкураи миллӣ ин таҳкурсиест, ки асоси он дар давлати миллӣ рушд мегирад. Олими рус Якунин В.Н. бамавқеъ қайд намудааст: “Бе идеяи миллӣ ҳеҷ як миллат таърихан устувор зафарёб буда наметавонад.”
​ Ба акидаи Иванова С.Ю. вобаста ба таъйноти се самти идеаи милли вуҷуд дорад
– Шинохти умумияти миллӣ
– Таъиноти асоснок ва маънии мавҷудияти миллат
– Сохтори идеали миллии худ, ки гузашта, ҳозира ва ояндадаи миллатро дар якҷоягӣ муттаҳид мегардонад.
Идеияи миллӣ ба ифодакунии арзишҳои моддиву маънавӣ ду давраро дар бар гирифта, вобаста ба марҳилаҳои рушди давлатдорӣ моҳиятан тағйир ёфтааст, ки давраи аввал барои ҳудшиносии миллӣ ва давраи дувум бошад барои муқарраркунии ҳадафҳои олии миллат вобаста мебошад.
​Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маврид қайд намуд, ки “Бе донистани таърих, худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ворисияти наслҳо имконнопазир аст”.
Азиятҳои дар тӯли таърих дидаи тоҷикон бошад ин миллатро соҳиб давлату нерӯманд гардонид. Агар азият ва уқубатҳои миллат яке аз асосҳои ғоявии ташкилёбӣ ва пойдории давлати миллӣ намебуд, шояд қаҳрамони халқи тоҷик устод Садриддин Айнӣ асарҳои “Одина”, “Ҷалодони Бухоро”, “Дохунда”, “Ғуломон”, “Мактаби куҳна”, “Ятим”, ва “Ёдоштҳо”-ро ҳам наменавишт.
Бинобар, идеяи миллӣ аз оғози давлатдории халқи тоҷик то давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳарчанд баъзе унсурҳо ва арзишҳои худро тағйир дода бошад ҳам, вале ғояи олӣ-мубориза бар ҳастии миллат ва бартарафсози хавфу хатарҳо, ҳамоно боқӣ мондааст. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марҳилаи мушкилтарини ташаккули давлатдории миллӣ тавонистанд хатари нобудшавии давлату миллатро аз байн бурда, давлатро аз таҳдиди нестшавӣ раҳонд.
Сабаби асосии расидан ба созиш дар музокироти миёни тоҷикон дар ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ (1997) низ пеш аз ҳама дарки хавфи нобудшавии миллат ва давлати тоҷикон маҳсуб меёфт.
Манфиатҳои миллӣ мафҳуми мураккабу дорои таърифҳои мухталиф буда, онро метавон ҳамчун ҳадафҳои аввалиндараҷа ва доимии амнияти миллӣ, шукуфоии иқтисодӣ, афзоиши қудрат, эътибор, нуфуз ва ҳифзи тамомияти арзӣ арзёбӣ кард.

Мафҳуми манфиатҳои миллӣ дар асрҳои 16-17 ҳамчун муродифи иродаи подшоҳӣ ва манфиатҳои оилаи шоҳон расман истифода мешуд. Пас аз инқилоби миллии Амрико дар соли 1776 ва Фаронса дар соли 1789 истилоҳи манфиатҳои миллӣ ба адабиёти сиёсӣ ворид шуд. Ба гуфтаи Лорд Палмерстон, сарвазири Бритониё дар соли 1865, “Мо иттифоқчии абадӣ надорем, аммо манофеи миллии мо абадӣ аст ва вазифадорем, ки аз он пайравӣ кунем” аҳамияти манфиатҳои миллиро бояд дар ин маврид пайдо кард.

Таваҷҷуҳ ва ҷустуҷӯи ҳадафҳо дар рафтори мутақобилаи кишварҳо, ҷалби омилҳои дохилӣ ва берунӣ дар муайян кардан ва расидан ба ҳадаф ё ҳадафҳои дилхоҳ, инчунин яксон набудани манфиатҳои кишварҳо дар арсаи байналмилалиро метавон аз ҷумлаи фарзияҳое донист, ки дар муайян кардани манфиатҳои миллӣ ба мо кумак мекунанд. Дар ин росто бештари донишмандони равобити байналмилалӣ ҳадафҳо ва ангезаҳои асосии рафтори кишварҳоро дар саҳнаи сиёсати хориҷӣ манфиатҳои миллӣ номидаанд ва бар ин назаранд, ки он чи кишварҳо дар арсаи байналмилалӣ анҷом медиҳанд, барои ҳифз ва дастёбӣ ба манфиатҳои миллӣ мебошад.

Моргент, яке аз муҳаққиқони реалисти муносибатҳои байналмилалӣ дар баробари ин ки мафҳуми манфиатҳои миллиро норавшан ва мубҳам медонад, бар ин назар аст, ки манфиатҳои миллӣ роҳнамо ва ангезаи асосии амалкарди ҳамаи кишварҳо дар муносибатҳои байналмилалӣ мебошанд. Аз ин рӯ, ҳамаи миллатҳо ногузир ҳастии моддӣ, сиёсӣ ва фарҳангии худро дар баробари таҷовузи миллатҳои дигар нигоҳ медоранд.

Метавон гуфт, ки манфиатҳои миллӣ ба ҳадафҳои аввалиндараҷа, ҳаётӣ ва доимӣ марбут аст, ки мардум ва ҳукумат дар арсаи байналмилалӣ ҳифз ва омӯзиши онро мехоҳанд. Таърифи хеле маҳдуди манфиатҳои миллӣ бояд қабул карда шавад, то доктринаҳои манфиатҳои миллӣ, ки аз ҷониби қудратҳои бузург ё қудратҳои таҷовузкор таҳия шудаанд, бо консепсияи аз ҷиҳати сотсиологӣ асосёфтаи манфиатҳои миллӣ, яъне мафҳуме, ки рафтори умумии як гуруҳро тавсиф карда метавонад, омехта нашавад. Манфиатҳои миллӣ ба маънои сотсиологии ин калима як далели умумӣ ва доимист, ки аз ҷониби кишварҳое, ки мехоҳанд ҳувияти худро дар чаҳорчӯби марзҳо, мардум ва ҳукумат нигоҳ доранд. Ҷомеашиносон бар ин назаранд, ки барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, арзишҳои ҳаётӣ, тамомияти арзӣ ва ҳифзи моҳияти кишварҳо метавонанд дар мақолаҳо, гузоришҳо ва хабарҳои муҳимми сиёсат, созмонҳо, ҳуқуқи байналмилалӣ ва иқтисодиро вобаста ба замону макон ва шароити махсус пайгирӣ намоянд.

Ба қудрату амнияти миллӣ алоқаманд будани манфиатҳои миллӣ аз ҷониби бисёре аз донишмандони сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ баррасӣ мешаванд.

Ба ақидаи Шуман, амният, ҳадафи аввалиндараҷаи сиёсати хориҷии кишварҳост ва агар кишваре наметавонад ба ин ҳадаф расида бошад, наметавонад ҳадафҳои дигари худ, аз қабили некӯаҳволии иқтисодии шаҳрвандони худро амалӣ намояд. Аз ин рӯ, ҳифзи ҳастию боқӣ ҷузъи асосии манфиатҳои миллӣ ба шумор меравад.

Волтер Липман, нависанда ва шореҳи амрикоӣ дар ин бора мегӯяд, “кишваре, ки амният дорад, кишварест, ки дар сурати канорагирӣ аз ҷанг манфиатҳои муҳимми худро қурбонӣ накарда, дар сурати сар задани ҷанг бо пирӯзӣ онҳоро ҳифз мекунад”.

Мафҳумҳои қудрат, амнияти миллӣ ва манфиатҳои миллӣ ҷанбаи субъективӣ ва абстрактӣ доранд ва бо арзишҳо омехта шудаанд ва метавонанд дар назари ҳукуматҳои гуногун мафҳумҳои гуногун дошта бошанд. Масалан, дар ҳоле ки манфиатҳои миллии ҳукумати Лубнон ба ҳамгироӣ асос ёфтаанд, ваҳдати миллӣ, ҳифзи тамомияти арзӣ ва мавҷудияти он муқаррар шудааст. Аммо барои ҳукумате чун Чин ва Ҷопон рушду тавсеаи ҳукмронии бозорӣ ва иқтисодӣ дар ҷаҳон аз манфиатҳои миллӣ ва бунёдӣ маҳсуб мешавад.

Ҳамчунин, бар хилофи баъзе иддаоҳо дар бораи тағйирнопазирии манфиатҳои миллӣ метавон гуфт, ки манфиатҳои миллӣ устувор нестанд. Масалан, Англия, ки аксар вақт нигоҳ доштани империяро дар он тарафи баҳрҳо ҷузъи манфиатҳои миллии худ медонист, пас аз ҳамлаи Олмон ва бомбаборонкунии Лондон, манфиатҳои миллии он дар нигоҳ доштани тамомияти арзӣ буд.

Аммо барои фаҳмидани баъзе мисолҳо беҳтар аст, ки ба мафҳум ва навъҳои манфиатҳои миллӣ таваҷҷуҳи бештаре дода шавад. Пеш аз ҳама, бояд ба он диққат дод, ки ҳар як низоми сиёсӣ вобаста ба мавқеи таърихию ҷуғрофӣ ва имконоти моддию маънавии кишвараш барои ноил шудан ба манфиатҳои миллӣ саъй намояд, ки аз инҳо ба таври оптималӣ бархӯрдор бошад:
— имконоти кофии ҳарбӣ ба вазъият ва ҳадафҳои миллӣ;
— системаи самаранокии иттилоотӣ ва амниятӣ;
— таъмин ва ҷамъоварии сарвати миллӣ бо роҳи афзоиши иқтисодӣ;
— амнияти доимии дохилӣ ва хориҷӣ;
— эҷоди ваҳдату якпорчагии дохилӣ;
— ғанӣ гардонидани фарҳанги миллӣ ва мутобиқ ба фарҳанги ҷаҳонӣ;
— мутобиқшавии босуръат бо таҳаввулоти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ;
— ҳамкориҳои густурдаи иқтисодиву сиёсӣ ва равобит бо кишварҳои минтақавӣ ва ғайриминтақавӣ;
— ҳузури фаъол дар ҷаласаҳо ва созмонҳои байналмилалӣ;
— ҷавобгарӣ ба масъалаи сулҳу осоиши тамоми ҷаҳон ва амнияти байналхалқӣ ва амсоли инҳо.
Гузашта аз ин, манфиатҳои миллӣ асосан ба 4 категория тақсим мешаванд:
1 — манфиатҳои баробар,
2 — манфиатҳои мухолиф,
3 — манфиатҳои умумӣ,
4 — манфиатҳои беҷангу ҷидол.
Дар манфиатҳои баробар ҳамкорӣ кардан ё накардани ҳар як мамлакати манфиатдор боиси ихтилофи байни онҳо намегардад.
Дар манфиатҳои мухолиф, ки умуман бо низоъ ва муноқиша алоқаманданд, ҳадафҳои ҳар як тараф маънои нодида гирифтани ҳадафҳои тарафи дигарро дорад. Реалистҳо бар ин назаранд, ки инсон табиатан бад аст ва шарри ӯ аз хоҳиши қудрат ва исрофкориаш бармеояд ва азбаски кишварҳои мухталиф манфиатҳои ба ҳам зид доранд, ки бо ҳам муросо кардан ғайриимкон аст, ҷанг маъмулӣ ва имконпазир аст.
Дар манфиатҳои умумӣ давлатҳо кӯшиш мекунанд, манфиатҳоеро ба даст оранд, ки дар танҳоӣ ва беиттифоқ бо дигар давлатҳо ба даст оварда наметавонанд.
Манфиатҳои мухолифзоро метавон ҳамчун сатҳи поинтари манфиатҳои мухолиф донист, ки дар он ҳукуматҳо минтақаҳои бештари нуфузро меҷӯянд.
Ихтилоф дар равобити дипломатии ду кишвар дар равобити байналмилалӣ як падидаи муқаррарӣ ва маъмул аст ва дар он ҳеҷ чизи ғайриоддӣ ва ғайримуқаррарӣ вуҷуд надорад. Вақте ин ҳолат ба вуҷуд меояд, иқдоми аввал ва мантиқӣ ин аст, ки барои ҳалли ин вазъият аз гуфтор ва амалҳое, ки торикии муносибатҳоро барангехта ба он шиддат мебахшад, худдорӣ кард. Қадами дуюм бошад, гуфтушуниди мустақими ду кишвар барои рафъи ихтилофот аст. Таҳдид ва истифодаи зӯроварӣ дар аксари мавридҳо натиҷа намедиҳад.
Ба андешаи Моргент манфиатҳои миллӣ метавонанд, бо роҳҳои зерин таҳдид ва поймол карда шаванд:
— аз тарафи одамони дохилӣ, ки ба муқобили идеологияи ҳукмрони мамлакат ақидаю эътиқоди сиёсӣ доранд;
— аз ҷониби ақаллиятҳои динӣ ва фарҳангӣ. Ин масъала дар кишварҳое, ки гуногунии фарҳангӣ, этникӣ ва мазҳабӣ доранд, бештар зоҳир мешавад.
— аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ;
— ба василаи таҷовузи кишварҳои дигар.
Инро бояд гуфт, ки вазифаи сиёсатмадор ва дипломати муваффақ ин аст, ки манфиатҳои мухталифро муайян ва эътироф кунад, аз ворид шудан ба масоили баҳсбарангез ва ихтилоф дар атрофи он масоил худдорӣ намояд ва ба масоил ва манофеи муштарак такя варзад. Дипломатияи муваффақ кӯшиш мекунад, ки дӯстони эҳтимолиро ба дӯстони воқеӣ ва душманони воқеиро ба душманони эҳтимолӣ табдил диҳад.
Равандҳои сиёсиву идеологӣ дар сатҳи ҷаҳон имрӯз шаҳодат аз он медиҳанд, ки аз боиси сатҳи пасти мафкура ва маърифати ҷомеа аксар нафарон ба фирефта ва бозиҳои гурӯҳҳои динситезу манфиатбахши абарқудратҳо дода мешаванд. Чунин мафкура ва маърифтаи хеле сатҳи пасти миллӣ боис шуд, ки дар аксар кишварҳои мусулмоннишин аз эҳсоси динию мазҳабӣ суситифода карда шавад.
Бояд гуфт, миллати тоҷик ҳам дар таърихи дарозмуддати хеш аз боиси эҳсоси баланди динӣ дар ҳолатҳои бисёр сарнавиштсоз манфиатҳои хешро аксаран ҳифз карда натавонист. Махсусан, шикасти нахустдавлати миллии тоҷикон – Сомониён аз боиси эҳсоси динӣ буд, ки бо фатвои руҳониёни хуруфотпарасту иртиҷоӣ мардум ба ҳифзи давлати миллии худ набаромаду қавмҳои кучманчӣ, ки минбаъд сабаби ташаккули тамоми навъҳои буҳрон гардиданд, ба ҳокимияти Бухоро соҳиб шуданд. Як фатвои руҳониёни мутаассиб мардуми ғафлатзадаро, ки дар онҳо на эҳсоси миллӣ, балки эҳсоси динӣ бартарӣ дошт, сабаб шуд, ки истиқлоли миллӣ ва давлатии мо, ки кафили амалишавии тамоми ормонҳост ба муддати “1000 сол” аз саҳифаи таърих нопадид шавад. Замоне фаро расид, ки ҳатто дар муддати даҳ аср захираи зеҳнии тамоми мардуми Осиёи Марказӣ ва Хуросон баробар ба нисфи захираи зеҳнии замони Сомониён (100 сол) набуд. Сарчашмаи асосии ин шикаст маҳз ана ҳамин мафкураи бегонапарастӣ ва эҳсоси динӣ буд, ки минбаъд дар меҳвари афкори сулолаҳои динситезу аз маърифат дури кучӣ қарор дошт.
Аз асри Х то асри ХХ миллати тоҷик се марҳилаи бисёр ҳасосу дардноекеро сипарӣ намуд, ки ҳар се бо сабаби эҳсоси баланди динӣ ва аз асолати миллӣ дур рафтани аксар қишрҳои ҷомеа ба амал омад. Шикасти Сомониён, поймол намудани манфиатҳои тоҷикон дар раванди тақсимоти марзӣ-миллӣ ва ба амал омадани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ин саҳифаҳои сиёҳи таърих имрӯз тамоми афроди ҷомеаи кишварро водор месозад, ки худшинос ва худогоҳ бошанду дар навбати аввал аз арзишҳо ва манфиатҳои миллӣ бештар ҳифозатгар.
Дар айни ҳол зарур аст, ки корномаи нобиғаҳое чун Спитамен, Муқаннаъ, Исмоили Сомонӣ, Темурмалик, Восеъ, Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Эмомалӣ Раҳмон барои насли наврас ва ҷавон аз ҷониби падару модар, омӯзгорон ва масъулони динӣ, ки дар ҷомеа бо зеҳни худ таъсиррасонанд, ҳамчун нишони хештаншиносӣ ва қадршиноии миллату давлат шарҳу тавзеҳ дода шавад. Барои ояндаи дурахшони ин миллату давлат чунин чеҳраҳои мондагоре лозим аст, ки бақои онро бо ирода ва матонати худ таъмин намоянд.
Имрӯз таҳдидҳои идеологӣ ва хуруфотӣ минтақа ва ҷаҳонро аз ҳарвақта дида бештар таҳдид намуда истоданд. Мутаассифона ҳатто доираҳои муайяни илмӣ ҳам дар хидмати чунин гурӯҳҳои тундрав қарор гирифтаанд, ки бо зеҳни худ ба шуури ҷомеа таъсир мерасонанд. Дар муқобили ин ҳама танҳо дониш, хирад ва дар маҷмуъ маърифат ҳамчун сипар истода метавонад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маврид таъкид намуданд, ки танҳо маърифат садди роҳи ҷаҳолат шуда метавонад. Маърифат имкон медиҳад, ки тамоми арзишҳои ҷомеаи инсонӣ ҳифз шуда, барои зиндагии босубот ва шоиста истифода шаванд. Миллати тоҷик новобаста аз он саҳифаҳои ёдоваршудаи сиёҳи таърих, ҳамчунин дар ҳама марҳилаҳои таърихӣ бо фарзандони хирадмандаш аз Бузургмеҳр сар карда то Айнӣ исбот намудааст, ки миллати соҳибмаърифат буда, дар саргаҳи тамаддуни башарӣ қарор дорад.
Бо омӯзиш аз сабақҳои таърих имрӯз бояд шукрона кард, ки аз баракати истиқлоли давлатӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоии кишвар, аз ҷумла дар самти озодии виҷдон шароити созгору мусоид фароҳам гардида, шаҳрвандон тамоми фаризаҳои динии хешро озодона анҷом медиҳанд.
Истиқлол ба мо дар роҳи эҳёи арзишҳои миллӣ ва динии худ имкон дод, ки муяссар шавем ва мардумамон бо мазҳаби аҷдодӣ, бо пирони хирад ва бузургони илму адаби гузашта ҳамаҷониба ошно гардиданд.
Шароит фароҳам оамад, ки миллати тамаддунсози тоҷик осори бузургони худро бознашр ва ба мардуми кишвар дастрас намояд. Пешвои миллат ба маврид таъкид намуданд, ки “дар ҳамин замина имкон пайдо намуданд, ки расму ойинҳои миллӣ ва маросиму идҳои динӣ ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон, Тиргону Сада ва идҳои Рамазону Қурбонро ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ эҳё карда, онҳоро бо иштироки озодонаи хурду бузурги мамлакат ва бо ифтихор аз таърихи беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик таҷлил намоянд”.
Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои таъмини озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин хеле корҳои назаррасро ба анҷом расонид.
Ёдовар шудан меарзад, ки соли 2009 бо ширкати олимону донишмандони машҳури ҷаҳони ислом ва шахсиятҳои маъруф аз 55 давлати дунё баргузор кардани 1310-солагии асосгузори мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик – Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит, ки бо номи Имоми Аъзам машҳур аст, як рӯйдоди муҳим дар ҳаёти маънавии мардуми мо гардид. Дар идомаи ин бузургдошти шахсиятҳои бонуфузи илмӣ ва динӣ – Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Абдураҳмони Ҷомӣ, Муҳаммади Хуҷандӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Муҳаммади Ғазолӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва дигарон, чопӣ осори зиёди ахлоқиву илмии мутафаккирони гузашта, ба забони тоҷикӣ тарҷума кардану се маротиба нашр намудани Қуръони карим ва ба мардуми Тоҷикистон дастрас гардонидани он аз ҷумлаи корҳое мебошанд, ки дар ин самт ба анҷом расидаанд. Ин ҳама нуқтаҳои муҳимме буданд, ки дар баромади Сарвари давлат бо як ҳисси баланди миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои муқаддаси миллӣ садо доданд.
Имрӯз қишри зиёӣ ва уламои кишварро зарур аст, ки насли наврасу ҷавонро пеш аз ҳам дар руҳияи миллӣ ва омӯзишу аз худ намудани асосҳои илму маърифат ба камол расонанд, чун мафкураи солими насли наврасу ҷавон кафили солимии миллату давлат аст.

Директори муассиаи таълимӣ: Искандаров М.Қ.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code