Дар замони муосир инсоният ба хатари ҷиддие, ки ба амнияти кишварҳои минтақа ва ҷаҳон таҳдид менамояд рӯ ба рӯ гаштаистодааст, ки онро терроризм ва экстремизм ном мебаранд. Агар ба шарҳи мафҳуми терроризм назар афканем чунин аст: (“Терроризм” аз калимаи лотинии “terror”) сарчашма гирифта, маънояш “Тарс ва ваҳм” аст. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми ғаразноку нопоки худро тавасути зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм ва бо дигар роҳҳо амалӣ созанд. Айни замон дар байни давлатҳои абарқудрати ҷаҳон рақобате ба вуҷуд омадааст, ки кӯшиш барои соҳиб шудан ба нуфуз ба ин ё он минтақаи олам, захираву сарватҳои табиӣ, ба даст овардани мавқеи афзалиятноки стратегӣ, ҳарбӣ ва ғайра торафт шиддат мегирад, инчунин имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Терроризм ва экстремизм беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бистуяк табдил ёфтааст.
Дар аксари мавридҳо онҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки миёни динҳою мазҳабҳои гуногун душманӣ ва зиддият барангезанд. Вобаста ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалии Раҳмон чунин қайд менамояд: “Террорист дар асл худ миллат, мазҳаб ва ватан надорад ва душмани Худову бандагони ӯст. Ин гуна нерӯҳо аз номи Ислом амал намуда, номи неки онро доғдор мекунанд ва манфиатҳои душманону бадхоҳони фарҳанги волои Исломро пиёда месозанд”.
Сарвари давлат дар яке аз мулоқотҳояш бо намояндагони аҳли ҷомеаи мамлакат чунин изҳор намуд: “Мо бояд дини мубини Исломро аз тафриқаангезӣ ва олудашавӣ бо ифротгароӣ ҳифз намоем, ҷавҳар ва чеҳраи ҳақиқии маънавию ахлоқӣ ва таҳаммулгароии онро ба мардум ва махсусан ба насли ҷавонамон нишон диҳем ва дар тарбияи ахлоқию маънавии онҳо аз арзишҳои исломӣ истифода намоем. Терроризм ва экстремизм ба ягон дин, алалхусус ба дини мубини Ислом ҳеҷ рабте надорад”.
Бояд қайд намуд, ки айни замон терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти минтақа, ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатар ба миён оварда истодааст.
Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин зуҳуроти номатлуб тақозо менамояд.
Экстремизм бошад – аз калимаи франсузии “extremism” ва лотинии “extremus” гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан. Экстремист шахсест, ки дар фаъолити худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.
Айни замон шаклҳои зиёди экстремизм ба монанди: Экстремизми миллатгароӣ, Экстремизми динӣ, Экстремизми наврасон ва ҷавонон, Экстремизми экологӣ, Экстремизми ахлоқӣ ва ғайра муайян карда шудааст. Қайд кардан маврид аст, ки тибқи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ чунин фаъолиятҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон экстремистӣ ҳисобида мешаванд:

– бо зӯрӣ сарнагун кардан ва ё тағйир додани сохтори конститутсионӣ, вайрон ва халалдор кардани соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мусоидат кардан ба чунин кирдорҳо;

– барангехтани кинаю адовати нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ, динӣ (мазҳабӣ) ва муноқишаҳои иҷтимоӣ, инчунин тарғиби махсусият ва бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин (мазҳаб), забон, мансубияти онҳо ба миллат, нажод ё маҳал ба таври оммавӣ ё бо истифодаи воситаҳои ахбори омма ё содир кардани ин ҳаракатҳо бо роҳи зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он;

– амалҳое, ки ба ноустувор сохтани амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудаанд;

– амалҳое, ки ба ғасб ё аз худ кардани ваколатҳои ҳокимият равона шудаанд;

– ташкил кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ё иштирок дар онҳо;

– паст задани шаъну эътибори миллӣ;

– вайрон кардани ҳуқуқ, озодӣ, манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд вобаста ба мансубияташ ба гурӯҳи иҷтимоӣ, нажод, миллат, қавм, маҳал, дин (мазҳаб) ва забон ё муносибати ӯ ба дин;

– ҷалб намудан барои иштирок дар амалҳои экстремистӣ, инчунин омӯзонидани мафкураи экстремистӣ;

– монеъ шудан ё маҷбур кардан ба тағйир додани хусусияти фаъолияти қонунии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунӣ, комиссияҳои интихоботӣ, ташкилот, иттиҳодияҳои дигар ва шахсони мансабдори онҳо;

– истифодаи зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбат ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё ташкилоти дигари давлатӣ ва наздикони онҳо бо мақсади қасос гирифтан барои он амалҳое, ки бо иҷрои фаъолияти хизматӣ вобаста бошад, ё ин ки хатари истифодаи зӯроварӣ вобаста ба ин асосҳо;

– ташвиқот ва бо намоиши оммавӣ гузоштани нишон, парчам ё рамзи дигари ташкилотҳои аз ҷониби суд экстремистӣ эътирофшуда;

– даъвати оммавӣ барои иҷро намудани амалҳои экстремистӣ ё интишори маводи экстремистӣ, инчунин тайёр кардан ва нигоҳ доштани онҳо бо мақсади паҳн намудан;

– нашр ва ё паҳн кардани маводи чопӣ, аудиоӣ, видеоӣ ва маводи дигари дорои хусусиятҳои экстремистӣ дар воситаи ахбори омма, шабакаи интернет, воситаи алоқаи барқӣ.

Айни замон гурӯҳҳои террористӣ бо ном “Давлати исломӣ”, “Ҳизб-ут-таҳрир”, “Ҳизбуллоҳ”, “Ал-қоида”, “Боко-ҳарам”, “Толибон” ва монанди инҳо барои анҷом додани ғаразҳои сиёсии худ фаъолият доранд. Мақсади асосии ин гурӯҳҳои террористӣ, пеш аз ҳама расидан ба ғаразҳои сиёсию иқтисодист. Махсусуан барои гирифтани нуқтаҳои коркарди нафту газ ва дигар сарватҳои зеризаминӣ, ки паси он миллиардҳо меистанд. Мутаассифона, тайи солҳои охир гурӯҳҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ҷомеаи Тоҷикистонро низ хеле ба ташвиш овардааст. Ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои гумроҳи террористӣ аз надоштани ҷаҳонбинии илмӣ ва динӣ, нодуруст истифода намудани шабакаҳои иттилоотӣ, бахусус интернет, нодида гирифтани самараи истиқлолият, сулҳу субот ва оромӣ дар мамлакат, бепарвоӣ ва бетарафии бархе аз аъзои ҷомеа, алалхусус ҷавонон истифода намуда, дар байни онҳо тарғиботу ташвиқот анҷом дода мехоҳанд, ки мақсадҳои ғаразноки худро амалӣ созанд.
Ҳар чанд, ки дар асри 21 зиндагӣ дорему тараққиёти илми муосир ба суръати кайҳони пеш рафта истодааст, аз ихтироот ва навовариҳои илмӣ, вале баъзе аз ташкилотҳои террористию ифротгаро аз ин технологияҳо барои гумроҳ кардани ҷавонону наврасон ва ноором сохтани зиндагии мардуми осоишта истифода мебаранд.
Ҳар чанде, ки терроризм ва экстремизм ба миллат, давлат, фарҳанг ва дине рабт надорад, лекин баъзе давлатҳои абарқудрат ва давлатҳое, ки иқтисодиёташон ба дараҷаи баланд расидааст, барои амали намудани ниятҳои нопоки худ ва ба дараҷаи нестӣ бурдани баъзе давлатҳо ва миллатҳо ё нест кардани фарҳанги онҳо маҳз дини мубини исломро интихоб намуда, барои паст ва бадном кардани ин дини мубин, гурӯҳҳои террористию экстремистиро бо ақидаҳои нодурӯст ва ғалат ташкил намуданд. Дини мубини исломро бо ақидаҳо ва мазҳабҳо тақсим намуда ҷавононе, ки саводи кофии динӣ ё мазҳабӣ надоранд, бо амри маъруфҳои нодуруст тариқи баъзе аз муллоҳои ифротӣ ва тариқи сомонаҳои иҷтимоӣ ва наворҳои бо ғараз таҳияшуда ба доми худ дароварда барои амали кардани ниятҳои нопоки худ ва халалдор намудани амнияти кишварҳои дигар онҳоро ҳамчун силоҳ истифода мебаранд, ки боиси фавти бисёре аз инсонҳои бегуноҳ мегардад.
Имрӯзҳо гурӯҳҳои ифротгаро дар тасаввуроти ҷавонону наврасон тамаддуни исломро нодурӯст шарҳ дода, онҳоро ба сӯи фанатизм ва экстремизм ҷалб менамоянд, ки ҳар гуна дин ба хусус дини мубини ислом мухолифи амалҳои террористӣ ва экстремистӣ буда, онро ба куллӣ рад менамояд
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ худро дар канор нагирифта муқовимат бо ин зуҳуроти номатлуб – терроризм ва экстремизмро вазифаи муҳими таъмини амнияти миллӣ, минтақа ва ҷаҳон дониста, барои мубориза бо ин вабои аср пайваста тадбирҳои судманд меандешад.
Гувоҳи ин гуфтаҳо он аст, ки ҳоло дар баробари дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва дигар стратегияҳою барномаҳои давлатӣ Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 амал мекунад.
Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми январи соли 2021 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” зикр гардидаанд, мутобиқ ба иқдомоти Тоҷикистон доир ба амалисозии Стратегияи глобалии зидди террористии Созмони Милали Муттаҳид ва қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидааст.
Мақсадҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионӣ, тамомияти арзии давлат, қонуният ва тартиботӣ ҳуқуқӣ, амнияти ҷамъиятӣ, ҳифзи аҳолӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз таҳдидҳои экстремистӣ ва террористӣ мебошад.
Ҳамин тариқ аз гуфтаҳои болозикр бармеояд, ки терроризм ва экстремизм бо амалҳои нопоки худ метавонанд ба амнияти миллӣ, минтақа ва ҷаҳон ҳамчун вабо таъсири худро гузоранд. Бинобар ин, барои пешгирӣ намудани чунин зуҳуроти номатлуб ҳар як фарди ҷомеаро зарур аст, ки худро дар канор нагирифта, бо ҳам муттаҳид шуда, наврасону ҷавононро дар руҳияи Ватандӯстӣ, худшиносӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва ғайра тарбия намоянд.
Мо аҳли ҷомеа набояд ба он роҳ диҳем, ки мафкураи кӯдакон, насли наврас, ҷавонон ва дигар қишрҳои осебпазири ҷомеа бо ахбороти нолозим пур карда шавад, балки падару модарон, омӯзгорон, олимону муҳаққиқон ва дигар сохторҳои мавҷуда пайваста дар якҷоягӣ тадбирҳои судманд андешида, ба ин восита да таъмини устувории сулҳу Ваҳдат, истиқлоли давлатӣ, якпорчагии ватани азизамон Тоҷикистон, арзишҳои миллӣ ва дар маҷмуъ амнияти миллӣ саҳмгузор бошем.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code