Дар асоси Нақша ‐чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод ба сарбозони ҚС КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон Қисми Ҳарбии 0113 Дидбонгоҳи Сарҳадии ” Ширинчашма” бахшида ба таҷлили 32 солгарди рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастархони идона ташкил карда шуд.
Ҳамчунин ба хотири болидахотирии сарбозону афсарони қисми ҳарбии мазкур аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳия чорабинии рангини фарҳангӣ баргузор карда шуд.