“Хиради азалӣ ва ҳувияти худшиносии миллӣ ба мо эътимод мебахшад, ки бо роҳи пешгирифтаи худ, яъне барпо кардани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистони соҳибистиқлол пеш рафта, орзуву омоли чандинасраи хешро амалӣ гардонем.”
Эмомалӣ РАҲМОН

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои ҳарсолаи худ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, дар баробари таҳлил ва баррасии амиқи тамоми соҳаҳо, ба масъалаи худшиносии миллӣ низ аҳаммияти хосса дода, бахше аз Паёмро ба ин масъалаи аз назари Сарвари давлат бисёр зарурӣ, ихтисос медиҳад.
Миллати тоҷик бо доштани фарҳанг ва тамаддуни бисёр қадим, дар тули таърих худро яке аз миллатҳое муаррифӣ кардааст, ки арзишҳои маънавии пурбаҳоеро ба ҷомеаи башарӣ ироа кардааст. Дар замони равандҳои ҷаҳонишавии арзишҳо ва меъёрҳои умумибашарӣ ва дар маърази нобудӣ қарор гирифтани суннату оинҳои миллӣ, метавонад ҳувияти миллии мо тоҷикон ба хатари нобудӣ мувоҷеҳ шавад ё садамаи ҷиддӣ бинад. Мероси азим ва бузурги маънавии мо тоҷикон, ки дар худ ҳувияти миллии моро гунҷодааст, метавонад барои бақои ҳувияти мо тоҷикон ҳанӯз ҳам корсоз қарор бигирад. Гузаштагони мо бо арҷ ниҳодан ба арзишҳо ва оинҳои миллатҳои дигар, ҳувияти хосси миллиро нигоҳ доштаву барои ҳифзи он тамоми неруи фикрӣ ва зеҳниро ба кор гирифтаанд. Мутаассифона, имрӯз афрод ва ё гурӯҳҳои навпайдое ёфт мешаванд, ки ҳувияти миллии моро мехоҳанд зери суол баранд ва ҳатто онро пурра инкор кунанд. Ин афроди ноогоҳ ҳатто ончиро,ки марбут ба ҳувияти миллии мо мешавад, инкор мекунанд ва бар зиди ҳувияти тоҷикӣ мубориза мекунанд. Ҳувияти фарҳангӣ ва миллӣ, пиндори нек ва рафтори нек” ро талқин мекунад, ки ин ҳикмати дерина ва хирадмандона барои тамоми ҷомиаҳои башарӣ қобили қабул ва пазириш аст. Ҳувияти мо тоҷикон дар фарҳанги либоспӯшӣ, муошират, забон ахлоқ ва рафтор зуҳур мекунад аз ҷониби халқиятҳои дунё пазируфта ва ҳатто мавриди тақлиди онҳо қарор гирифтааст.
Пешвои миллат ба унвони як шахсияти ҳаким ва дурандеш барои ҳифз ва аз ҳар газанде эмин мондани расму оин ва суннатҳои миллӣ дар замони муосир, ба иқдомоти амалӣ даст зада, дар хитобаҳои ҳакимонаи худ барои пойдорӣ ва барқарории ин арзишҳо таъкид фармуда, ҳамзамон Ҳукумати кишвар бо қабули барномаҳо ва стратегияҳои миллӣ тадбирҳои заруриро барои рушди фарҳангӣ миллӣ ва пос доштани расму оини миллӣ андешидааст.
​Мавриди зикр аст, ки Пешвои миллат аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омадан ба масъалаи худшиносии миллӣ аҳаммияти хосса дода, онро шарти бақои давлату миллат медонад. Сарвари давлат дар суханронии худ ба муносибати ҳафтумин солгарди Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон, мефармояд:
​“ Худшиносии миллӣ асоси мавҷудияти миллат аст.
Халқе, ки худро намешиносад, бақо надорад. Чунин халқ дар задухўрдҳои фарҳангӣ ва сиёсӣ бо халқҳои аз худ бузургтару худшинос мағлуб шуда, ба нестӣ мерасад.”
Мавриди зикр аст, ки бузургону ҳакимону шоирону нависандагони мо ба масъалаи худшиносӣ аҳаммияти вижа дода, онро аз шартҳои аслӣ ва асосии ҳар фарде донистаанд. Аллома Иқболи Лоҳурӣ, ки дар шеъру адаби мо ҷойгоҳи ва мақоми баланде дорад, дар ин маврид чунин назар дорад:
Мункири Ҳақ назди мулло кофар аст,
Мункири худ назди ман кофартар аст.
​Яъне, шахси худнашнос Худонашнос аст ва касе, ки худро нашнохтааст, наметавонад Худоро бишносад. Албатта, ин ҷо худшиносӣ ба унвони масъалаи фалсафӣ мавриди суҳбати мо нест. Мавзуи суҳбати мо бештар аз худшиносии миллӣ ба унвони муҳимтарин асли бақои вуҷуди давлати миллӣ ва ҳувияти миллӣ дар замони муосир аст.
​Талошҳои Пешвои миллат барои ҷаҳонӣ кардани ҷашнҳои қадимии мо тоҷикон – Наврӯз, Сада, Меҳргон ва Тиргон ва дар дафтари созмони фарҳангии ЮНЕСКО ҳамчун мероси ғайримоддӣ сабт кардани ин ҷашнҳо, дар баробари муаррифии фарҳанги оламшумумли тоҷикон ба ҷаҳониён, ҳамзамон барои баланд бардоштани худшиносии миллии ҳар сокини кишвар бисёр муассир воқеъ мешавад. Таъкидҳои мукаррари Пешвои миллат дар мавриди тақлид накардан ба либоспӯшии бегонагон ва сабти чакан дар дафтари созмони фарҳангии ЮНЕСКО ба унвони мероси ғайримоддии тоҷикон аз нишонаҳои таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар дар масъалаи мавриди назар аст.
​Пешвои миллат яке аз сабабҳои маҳалгароӣ ва тангназариро аз адами худшиносии миллӣ меҳисобад ва хитоб мекунад:
“Ҷойе, ки худшиносӣ нест, ҳисси ифтихори миллӣ нест, дар он ҷой кўтоҳназарӣ ва марази маҳалгароӣ боло мегирад.”
​Нашри китоби “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров, ки дар он таърихи пурифтихори тоҷикон дарҷ аст ва эҳдои он ба ҳар як хонаводаи тоҷик аз тарафи Пешвои миллат, яке аз бузургтарин иқдомоти Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ростои ошноии мардум бо таърихи пурғановати миллӣ ва бедории эҳсоси миллӣ дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа мебошад.
Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» барои ошноӣ бо таърихи пурифтихори гузашта ва бедории ҷавонон нақши бисёр муҳим бозидааст.
​Дар назар аст, ки бузургтарин ҳамосаи миллии мо, тоҷикон, “Шоҳнома”, ки арзиҳшои умумибашарӣ ва миллиро дар худ гунҷонда ва ба ақидаи баъзе пижуҳишгарон забони моро аз нобудӣ наҷот додааст, аз тарафи Пешвои миллат чоп ва ба ҳар як хонадони тоҷикистонӣ дастрас шавад.
​Мояи ифтихори мо тоҷикон аст, ки куҳантарин Эъломияи ҳуқуқи башар ба бунёдгузори Ҳахоманишиён – Куруши Кабир тааллуқ дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон, ки рӯзи 28-уми декабри соли 2028 ироа шуд, ин нуктаро баён фармуданд, ки бисёр истиқболи гарм шуд:
“Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО ба хотири гиромидошту арҷгузорӣ ба нобиғаҳои миллат, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва муаррифии шоистаи онҳо дар арсаи байналмилалӣ талошҳои пайваста ба харҷ медиҳад.
Моро зарур аст, ки ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати худ ва муаррифии боз ҳам бештари онҳоро дар арсаи байналмилалӣ ҳадафмандона идома диҳем.
Бо ин мақсад, вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва фарҳанг маводи заруриро вобаста ба таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир омода ва ба ЮНЕСКО пешниҳод намоянд.”
Мо, тоҷиконро мебояд, ки бо ҳифзи ҳувияти миллӣ арзишҳо ва суннатҳои қадимии худ онро чун гавҳари арзишманд пос дорем ва бо чеҳари хосси тоҷикии худ, дар баробарӣ ва бародарӣ бо дигар миллатҳо зиндагӣ ва фаъолият намоем.

Суҳроби ВАҲҲОБНИЁ,
директори МТМУ №13 н.Тоҷикобод

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code