Боиси қайд аст, ки масъалаи терроризм ва экстремизм дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ дар шароити муосир ба муаммои хеле калон табдил ёфта, дар фаъолияти ҳар як давлат таҳдидҳои гуногунро пайдо кардааст.
Барои ҳар як тоҷикистонӣ тинҷию амонӣ ва осоиштагӣ неъмати бебаҳо маҳсуб меёбад, чунки дар таърихи Тоҷикистон (солҳои 1992-1994) даҳшатҳои ҷанг ба назар расид. Бояд зикр намуд, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҷавонони ҳамон давра ҷанбаҳои манфии ифротгароӣ, терроризм ва экстремизмро дар ҳаёти худ бевосита ҳис кардаанд, ки дар муқоиса ба ин арзиши тинҷиву осоиштагӣ хеле баланд аст. Бинобар ин, ҳар як шаҳрванд бо ақли солими худ ба ҳар як таҳдиде, ки ба ҳаёти осудаи имрӯзаи мо халал пайдо мекунад, бетараф набояд бошад, хулосаи зарурӣ барорад ва фаъолияти худро баҳри тинҷӣ, амонӣ ва ободии ватан равона созад.
Дар ҷомеаи имрӯзаи ҷаҳонӣ терроризм ва ифротгароӣ ҳамчун зуҳуроти номатлуб ба шумор меравад, зеро таҷрибаи ҷаҳонӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки натиҷаи онҳо боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – вайронгарӣ, зӯроварӣ, зулм, фишороварӣ, таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон, расонидани зарари вазнини маънавӣ, моддӣ, таҷовуз ба ҳаёти сокинони кишвар, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ, динӣ ва аз байн бардоштани тинҷиву оромӣ мебошад.
Аз нахустин рўзҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари хирадмандона, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои баланд фаъолияти ҳама гуна созмонҳои террористиро маҳкум намуда, изҳор дошта буданд, ки террорист на забон дораду на миллат.
Ҳодисаҳои номатлубу нангини марговари созмонҳои гуногуни террористӣ, ки дар мамлакатҳои Шарқи исломӣ ва ҳатто, кишварҳои абарқудрати ҷаҳон заҳри худро пошидааст, водор месозанд, ки имрўз аҳли фазлу хирад, донишмандону олимон, сиёсатмадорону ҷомеашиносон кўшиш намоянд, то баҳри пешгирии чунин амалҳои зишт чораҳои зиёдеро амалӣ созанд.
Дар ин замина минбаъд баҳри пешгирӣ намудани шомилшавии сокинони гумроҳи кишвар ба чунин ҳизбу ҳаракатҳои тундрав бо ибтикори Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии ҷумҳурию вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар гурўҳҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ташкил карда шудааст, ки онҳо дар маҳалҳо ва ҷамоатҳо, бо аҳолӣ сўҳбатҳо мегузаронанд.
Ин гурўҳҳои корӣ аз ҳисоби шахсони барўманди диёр, кормандони фаъоли шуъбаҳои маориф ва тандурустӣ, ҷавонони соҳибистеъдоди бахшҳои кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, фарҳанг ва намояндагони агентии шуғли аҳолӣ ташкил карда шудаанд.
Вале, мутаассифона, имрўз дар байни баъзеи қишрҳои осебпазири ҷомеа як зумраи шахсони дилсиёҳу хатокор, ватанбезору ҷангхоҳ, бо вуҷуди ҳазорҳо гуфтанҳою навиштанҳо ва андешидани чораҳо ба гуруҳҳои фитнаангезу худозада бо ҳадафи дарёфти гўё маблағи муфт ба ташкилотҳои тундрав шомил мегарданд ва дар муноқишаҳои геополитикӣ иштирок менамоянд.
Бо ин амалашон онҳо дар хонахароб шудани ҳазорон шаҳрвандони бегуноҳ, ятим гаштани кўдакон, оғуштаи хуну хок шудани садҳо ҳазор пиру ҷавон мусоидат мекунанд.
Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки бо роҳҳои фаҳмондадиҳӣ зеҳнияти шаҳрвондонро ба он равона созем, ки ба қадри тинҷиву сулҳу субот бирасанд, аз ҳаёти осоиштаи имрӯзу фардо шукргузор бошанд, фаъолияти худро баҳри созандагӣ, ободкорӣ ва тарбия намудани фарзондани солим бахшида бошанд.
Асоси шомил шудани шахсони гумроҳ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ин надонистани сарнавишти таърихи миллати худ, фориғболию бехабарӣ ва носипосӣ нисбати мероси маънавӣ- фарҳангии хеш, бегонапарастию қадр накардани қимати дастовардҳои истиқлолияти миллӣ оварда мерасонад.
Маврид ба зикр аст, ки нақши фарҳанг, ташвиқу тарғиби таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст. Беҳуда нест, ки қувваҳои манфиатҷӯй дар оғози амалҳои ғаразноки худ аввал арзишҳои фарҳангӣ-маънавиро коҳиш дода, фалаҷ месозанд, баъдан ҳисси нобоварӣ ва таҳдид намуда, ба амалҳои зишт ва хавфнок даст мезананд.
Сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна падидаҳои номатлуб аз он шаҳодат медиҳад, ки сатҳи ноустувори шароити зиндагӣ, бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан, ҷавонон боиси шомил шудани онҳо ба гуруҳи ифротгаро мегардад. Дар чунин вазъият, ҳар яки мо масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии истиқлолияти миллӣ ва осоиштагии ҷомеаро аз чунин пайомадҳои манфӣ ва таъсири қувваҳои моҷароҷӯ эмин нигоҳ дорем.
Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри дастгирии ҷавонон бисёр имкониятҳо ҳам барои таҳсил, ҳам барои кору фаъолият дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ фароҳам оварда шудааст. Зеро Сарвари давлат ҳамеша ба хиради бузурги ҳалқи тоҷик, шаҳрвандони бонангу номуси кишвари азизамон такя менамоянд.
Бояд, ҷавобан ба ғамхориҳои Сарвари давлат, ҳар як фарди тоҷик баҳри ободии Ватан ҳиссагузор бошад, на ин ки ба ҳар гуна гуруҳҳои нохалаф шомил шуда, тақдири худ ва ояндаи миллатро доғдор созад.
Дар ин замина дар шароити ҷаҳонишавию душвор гардидани муносибатҳои байналмилалии сиёсию иқтисодӣ ба масъалаҳои ҳифзи симои миллию мазҳабӣ, пос доштани арзишҳои маънавӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ-сиёсӣ ва маърифатӣ – ҳуқуқии аҳолии кишвар, хусусан, ба ҷавонон диққати махсус зоҳир намудан ба мақсад мувофиқ аст.
Мо, кормандони соҳаи маориф, омӯзгорон, намояндаи синфи интеллигенсия бояд дар тарбияи насли наврас кушиш намуда, ҷавононро дар руҳияи ватандўстиву худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ тарбия карда, ба қадри истиқлолияту давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ расидан, арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан саҳми беандозаи худро дошта бошем.
Дар шароити муосир бояд ҳар як шаҳрванди боору номуси кишвар, пиру ҷавон, падарон, модарон, писарону духтарон, умуман ҳама дарк намоянд, ки пос доштани сулҳу субот, осоиштагӣ, ваҳдат, якдилӣ, шукргузорӣ аз ободониву созандагӣ ҳам қарз, ҳам масъулият ва ҳам шарафу номуси ватандорӣ, ҳам ифтихор аз давлату миллати хеш ва ҳам талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ аст. Шукргузорӣ аз Ватани аҷдодӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва дўст доштани Тоҷикистон аз имон аст.
Аз ин хотир, бояд ҳар яки мо ба қадри Тоҷикистони соҳибистиқлол расида, баҳри сарсабзиву хуррамии он софдилона меҳнат намуда, баҳри баланд бардоштани нуфузу обрўи он дар арсаи байналмилалӣ саҳмгузор бошем.

Терроризм ва эктремизм яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор рафта боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш, таҳдид ё истифодаи зўроварӣ расонидани зарари вазнини рўҳонию ҷисмонӣ, таҷовуз ба ҳаёти инсон, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионии кишварҳои ҷудогона, ғасби ҳокимият, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гардидааст.
Терроризм ва эктремизм дар байни табақаҳои мухталифи ҷомеа махсусан миёни ҷавонон яке аз муаммоҳои меҳварии ҳаёти башарият буда оқибат ба бесуботи ва вайронкорӣ меорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризм ва эктремизмро ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ ва тамоми ҷаҳон баррасӣ намуда, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои муштарак дар ин самт баромад мекунад.
Имрўз масъалаи мубориза бар зидди терроризм ва эктремизм яке аз масъалаҳои асосии хусусиятӣ ҷаҳонӣ дошта пайдо кардааст. Ин вабои аср ба амнияти тамоми давлатҳои ҷаҳон таҳдид намуда истодааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз он беканор намондааст.
Терроризм ва экстремизм дар шароити кунунӣ, ҷиноятӣ дорои хусусияти ҷаҳонӣ буда, мубориза зидди он ҳамкории пайвастаи доимӣ ва мутақобилаи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсусро тақозо менамояд. Гарчанде ки мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мебошад, ҳамзамон дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон низ зарур аст.
Экстремизм ва терроризм хусусияти байналмилалӣ дошта, барои ин гуна зуҳурот сарҳади байнидавлатӣ, миллат ва дин, муқаддасоти дигар низ вуҷуд надорад. Аз ин лиҳоз, барои баланд бардоштани самаранокии мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти экстремистӣ ҳамкорӣ ва мусоидати ҳар як фарди ҷамъият барои пешгирӣ ва мубориза алайҳи ҷиноятҳои трансмиллӣ лозим аст.
Имрӯз халқ шоҳиди он гардидааст, ки чӣ гуна терроризми байналмиллалӣ амалиёти таҷовузкоронаи худро таҳти ливои сиёсии моҷароҷӯӣ ва таассуби динӣ амалӣ мегардонад. Тоҷикистон нуқтаи назари онро, ки мубориза бар зидди терроризм, яке аз масъалаҳои муҳимтарин, ки имрӯз инсоният дучори он гардидааст, дастгирӣ менамояд. Терроризм дар тамоми шаклҳо ва зоҳироташ маҳкум карда шуда, зарурати мутобиқати амали ҳамаи ҷамъияти ҷаҳониро оид ба решакан кардани ин золимӣ дар сатҳи глобалӣ ва минтақавӣ баромад менамояд.
Эктремизм ин коста гардидани фикру ақида, ҷалб намудан ба ҳаргуна ҳаракатҳо, барангехтани кинаву адоват дар ҷомеа ва бо ин роҳ расидан ба мақсадҳои ғаразноки худ мебошад.
Терроризм ва экстремизм ба манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдид мекунад. Дар чунин шароит Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди худ ва ҷаҳон ташкил додани низоми ягона ва муосири мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро вазифаи афзалиятноки худ мешуморад. Мубориза бо терроризм ва экстремизм ин фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар рӯ ба рӯи ин хатари байналмиллалӣ тақазо менамояд.
Ҳамин тариқ, мубориза бар зидди терроризм яке аз вазифаҳои афзалиятноки давлат буда, вазифаи худро дар ин соҳа тавассути мақомоти ҳокимияти давлатӣ амалӣ менамояд. Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм на танҳо вазифаи давлат инчунин вазифаи ҳар шахси ватандӯст мебошад.

Ҷамъоварандаи маълумот:
директори МТМУ №25
Ҳакимов Толибҷон

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code