Имрӯз бахшида ба “Рӯзи Модар” ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки занону бонувони фаъоли ноҳия дар Қасри фарҳанги ноҳия бо иштироки Раиси ноҳия муҳтарам Фақерзода Қадриддин Аббос, роҳбарони ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту идораҳо, собиқадорон ва занону духтарони фаъоли ноҳия баргузор гардид.

Раиси ноҳияи Тоҷикобод муҳтарам, Фақерзода Қадриддин Аббос дар баромади худ кулли занону бонувонро бахшида ба “Рӯзи модар” табрик намуда, аз дастовард ва корнамоиҳои онҳо дар замони истиқлол ёдовар шуданд.

Воқеан зан -Модар азизтарин мавҷуди рӯи замин ва нафаси гарму дилнавози ӯ ибтидои ҳастист. Зан –Модар сарчашмаи ҷовидонаи сидқу вафо, рамзи зебоӣ ва накӯӣ, нахустин мураббӣ ва тарбиятгари насли инсонӣ мебошад, зеро сиришти ин мавҷуди муқаддас иборат аз меҳри ростину садоқати фитрист.

Дар рафти чорабинӣ аз ҷониби раиси ноҳия занон ва духтарони собиқадору фаъоли ноҳия бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.

Дар фароварди чорабинӣ дастаи ҳаваскорони бахши фарҳанги ноҳия ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ барномаи ҷолиби фарҳангӣ бадеиро пешкаши ҳаводорон намуда, табъи иштирокчиёнро болида гардонданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code