Бигзор рӯзнома ҳамеша оинаи беғубор бошад
Табрикоти раиси ноҳияи Тоҷикобод Фақерзода Қадриддин Аббос ба муносибати Рӯзи матбуот дар ростои таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик сухани Қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ, ки ба муносибати нашри нахустин рӯзномаи тоҷикӣ “Бухорои шариф” (11 марти соли 1911) гуфта буд, ба ёд меояд: “Рӯзномаи ҳар қавм ва миллат забони эшон аст. Ҳар қавме, ки рӯзнома надорад, гӯё ки забон надорад”.
Рӯзномаи “Паёми Тоҷикобод” дар рӯзҳои мушкили ҳаёти сиёсии ҷумҳурӣ, соли 1992 таъсис ёфт ва то имрӯз ҳамрозу ҳамқадами мардуми ноҳия мебошад. Таҳлили мазмуну мундариҷаи маводҳои солҳои гуногун чопкардаи рӯзнома роҳи пуршебу фарози тайкардаи мардуми ноҳияро инъикос менамояд. Тӯли мавҷудияти худ рӯзнома шиору шиноснома, ҳуруфи ороишиашро борҳо дигар карда бошад ҳам, вале ба ҳайси нашрияи Мақомоти намояндагӣ ва иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҳадафи барномавӣ, сабки хешро тағйир надод. Аз шумораи аввалини рӯзнома то шумораи 670-умин 33 сол сипарӣ шуд. Вале заҳмату азму талош, шабзиндадорӣ, фидокорӣ ва сарсупурдагии қаламкашони рӯзнома шоистаи арҷгузориҳост.
Ҳама гуна воситаи ахбори умум дар робитаи қавӣ бо ҷомеа метавонад ҳадафҳои худро пиёда созад. Дар ноҳия муваффақият ҳаст ва камбудиҳо низ кам нестанд. Дар бораи мушкилот, камбудиву норасоиҳо навиштану роҳи ҳалли онҳоро ёфтан, инъикоси воқеии ҳаёти ҷомеа аз ҳадафҳои оинномавии нашрия аст, зеро рӯзномаро оинаи ҷомеа меноманд.
Ҳайати таҳририя, мухбирони ҷамоатӣ, муштариёни рӯзномаи “Паёми Тоҷикобод” –ро ба Рӯзи матбуоти тоҷик табрику таҳният гуфта, орзуманди онем, ки ягона воситаи ахбори ноҳия умри дароз бинаду барои халқ ҳамеша оинаи беғубор бошад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code