Имрӯз, 15 май дар меҳмонхонаи «Кангурт Гранд Ҳотел» бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рўзи байналмилалии оила дар ҳамкорӣ бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи дин танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи Нуфуси СММ дар Тоҷикистон даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи беҳтарин» ҷамъбаст гардид.
Озмуни ҷумҳуриявии “Оилаи беҳтарин” тибқи амри Президенти ҶумҳурииТоҷикистон оид ба “Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо мақсади тақвияти мавқеи оила дар ҷомеа, густариши фарҳанги оиладорӣ, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ ва таҳкими пояҳои оиладорӣ бо иштироки роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, ғолибони даври дуюми озмуни вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои минтақаи Рашт баргузор гардид.
Ба гирифтани, ҷойи дуюм оилаи Худойдодов Назрӣ аз ноҳияи Тоҷикобод сазовор дониста шуда, бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.