Субҳи имрӯз чорабинии дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ дар ноҳияи Тоҷикобод бо шукуҳи хос ва иштироки васеъи кормандону сокинон баргузор гардид.

Муовини якуми раиси ноҳия муҳтарам Ҳасани Давлатхуҷа зимни баромади табрикотии худ иброз дошт, ки мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳо ин пеш аз ҳама оммавияти варзиш ва солимгардонии аҳолӣ мебошад.

Чорабини дар се зина аз ҷумла: дави миллӣ миёни мардон, дави миллӣ миёни занону духтарон ва марафони велосипедронӣ сурат гирифт, ки ғолибон дар се зина бо сипоснома ва туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз гардиданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code