Имрӯз Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша бо оилаҳои зарардидаи заминларзае, ки 13 апрели соли равон дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод ба амал омад, вохӯрӣ намуд.
Зимни вохӯрӣ ба оилаҳои зарардидаи Ҷамоати деҳоти Қалъаи лаби оби деҳоти Ғанишои ноҳияи Тоҷикобод, раиси кумита иброз дошт, бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва расонидани ҳама гуна кумакҳои саривақтӣ таҳти назорати қатъии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Аз ин хотир Ҳукумати Тоҷикистон барои бунёди манзилҳои нави истиқоматӣ, ба ҷойҳои бехавф кӯчонидани аҳолӣ, таъмини маводи хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ барои зарардидагони офати табиӣ тадбирҳои саривақтӣ меандешад.
Аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба оилаҳои зарардида аз заминларза кӯмакҳои моддӣ расонида шуд.