Субҳи имрӯз роҳпаймоӣ ба муносибати рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар маркази ноҳия баргузор гардид.
Дар он Раиси ноҳия муҳтарам Фақерзода Қадриддин Аббос, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарон ва кормандони ташкилоту муассисаҳо ва ҷавонону наврасони ноҳия иштирок намуданд.
Ҳамчунин пас аз фарҷоми роҳпаймоӣ дар майдони варзии ноҳия чорабинии тантанавӣ баргузор гардида, раиси ноҳия Муҳтарам Фақерзода Қадриддин Аббос иштирокдоронро ба муносибати рӯзи ҷавонон ва умумии ҷаҳонии футбол табрик ва муборакбод намуданд.
Инчунин ба хотири ҷолибу хотирмон баргузор намудани чорабинӣ бо иштиокдорон викторина вобаста ба футбол гузаронида шуд, ки ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.
Қобили зикр аст, ки ба хотири сазовор таҷлил намудани рӯзи умумиҷаҳонии футбол дар ноҳия миёни ҷавонону наврасон мусобиқаи футболбозӣ баргузор гардид ва дастаи ғолиб дар ин чорабинӣ бо туҳфаҳои ҳавасманд гардиданд.