Дар доираи моҳвораи ҷавонон тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод бо мақсади иттиҳоду ҳамбастагӣ ва ваҳдати ҷавонон шоми 23.05.2025 бо иштироки Раиси ноҳияи Тоҷикобод муҳтарам Фақерзода Қадриддин Аббос, роҳбарони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту идораҳо, ҷавонону наврасони фаъоли ноҳия чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони “Шоми ҷавонӣ” бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии Футбол дар сатҳи баланд баргузор гардид.
Чорабинӣ бо суханронии Раиси ноҳия муҳтарам Фақерзода Қадриддин Аббос оғоз гардид. Ӯ зимни суханронии пурмуҳтавои хеш ҷавонони хуштолеъи ноҳия ва дар симои онҳо кулли ҷавонони кишварро ба Рӯзи ҷавонон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол табрику таҳният намуданд. Таъкид карда шуд, ки дар воқеъ ҷавонони даврони мо саодатманду толеъбаланд ҳастанд. Зеро дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба воя мерасанд ва насли ҷавони имрӯза бояд аз ин шукрона карда, ақли солими худро ба кор барад. Чун ки бар дӯши онҳо рисолати бузург ва муқаддас, аз ҷумла масъулияти созандагии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлоли демократӣ, масъулият барои фардои Ватан гузошта мешавад. Азбаски насли наврас ва ҷавонон тақдирсози давлату миллатанд, пас тарбияи ин насли миллатдӯсту ватанпарвар, ки дар худ қувваи бунёдкориро таҷассум менамояд, бояд чун омили муҳимтарини таҳкими пояҳои давлатдорӣ, пешрафту инкишофи ҷомеа, таъмини зиндагии арзандаи халқамон арзёбӣ гардад. Зеро танҳо инсони соҳибмаърифат, бошараф, миллатдӯсту худшинос қодир аст, ки сарзамини аҷдодӣ, арзишҳои волои миллӣ, маърифату маънавиёти халқи худро ҳифз намояд, барои ободии Ватан талош варзад.
Пас аз анҷоми суханрониҳо аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як зумра ҷавонони фаъоли ноҳия бо туҳфа ва Сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Ба хотири болидахотирии иштирокдорони чорабинӣ аз ҷониби ҳунармандон ва хонандагони ноҳия барномаи рангини фарҳангӣ пешкаш гардид.