Санаи 4 июни соли 2025 дар асоси нақша чорабиниҳои раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт дар Ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳ ноҳияи Тоҷикобод ҷиҳати таблиғу ташвиқи шарҳи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», хатари шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, пардохти ғайринақдии хизматрасониҳои давлатӣ ва истифодаи дурусти нерӯи барқ аз тарафи намояндагони раёсати Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт, лейтенанти калони адлия Мирзозода М.П., лейтенанти адлия Тоҳирзода А.С., Давронов И. ҳуқуқшиноси дастгоҳи раиси ноҳияи Тоҷикобод ва бо иштироки васеи сокинону фаъолон вохурӣ баргузор карда шуд.

Дар фарҷоми чорабинӣ аз иштирокдорон даъват ба амал оварда шуд, ки дар муқовимат ба коррупсия дастаҷамъона фаъолият намуда, дар пешгирии он ва дар руҳияи зиддикоррупсионӣ тарбияи намудани шаҳрвандон чораҳои дахлдорро роҳандозӣ намоянд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code