30 сентябри соли ҷорӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод дар толори Қасри фарҳангӣ ноҳия чорабинии мутантани “Рӯзи даъватшаванда” аз ноҳияи Тоҷикобод ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баргузории чорабиниҳои тантанавӣ ва фарҳангию фароғатӣ баргузор гардид.

Маврид ба зикр аст, ки дар чорабинии мазкур муовини якум, муовинони раиси ноҳия, роҳбарони аввали мақомотҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, собиқадорон, падарону модарон ва худи наваскарон иштирок намуданд.

Қайд бояд кард, ки Ҳукумати мамлакат ҷиҳати боз ҳам рушд додан ва фароҳам сохтани шароити созгор барои сарбозону афсарони шуҷои Ватан пайваста тадбирҳои заруриро андешида истодааст, ки бо назардошти таъмини шароити мусоид дар ҷузъу томҳои қувваҳои мусаллаҳи кишвар сол то сол сафи ихтиёриёни ҷавон ба хизмати ҳарбӣ афзуда истодааст. Ин аст, ки дар рӯзи аввали даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, нақшаи пешбинигардидаи ноҳияи Тоҷикобод чун анъанаи чанд соли охир 100 фоиз иҷро гардида, ҷавонон ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ гусел карда шуданд.

Дар ин чорабини муовини якуми раиси ноҳия Ҳасани Давлатхуҷа, Комисари ҳарбии ноҳия Акбарзод Фирӯз баромадҳо намуда, вобаста ба дастовардҳои замони истиқлол дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон равшанӣ андохта, минатдоргии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро ба наваскарон ва падару модарони онҳо расониданд.

Ҳамчунин аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба нафароне, ки дар ин маъракаи муҳим нақши муносиб гушотанд инчунин падару модароне, ки фарзандонашон ихтиёран ба Сафи Қувваҳои мусаллаҳ шлмил мегарданд сипосномаҳо тақдим гардид.

Дар фарҷом ба хотири болидахотирии иштирокдорон барномаи рангини фарҳангӣ пешкаш гардид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code