Имрӯз ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби сокинону ҷавонони деҳаи Сафедмуни Ҷамоати деҳоти Қалъаи Лаби Об корҳои ободонию созандагӣ ва тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист корҳои назарас анҷом дода шуд.

Мардуми деҳа зиёда аз як километр роҳҳои деҳаро шағалпуш намуда, кучаю маҳалҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятиро аз партовҳо тозаю озода намуданд.

Ҳамчунин бо ташаббуси ҷавонони деҳа ба хотири гиромидошти ин рӯзи ҳаётан таърихӣ, ки маҳз ба муносибати ин рӯзи шариф ва заҳмату талошҳои пайвастаи Президенти маҳбуби кишвар – Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони азизамон яке аз кишварҳои амнтарини дунё ҳисобида шуда, барои зиндагии шоитаи ҷавонон тамоми шароитҳо муҳайё гардидааст, ба як қатор оилаҳои ниёзманд маҳсулоти озуқаворӣ дастрас гардид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code