Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 25 ноябри соли ҷорӣ баргузор гардид, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сахидод Раҳматуллозода ва раиси ноҳияи Тоҷикобод муҳтарам Фақерзода Қадриддин Аббос аз ҳолати фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, томактабӣ, соҳаи тандурустӣ инчунин корҳои ободонию созандагӣ дар ноҳияи Тоҷикобод дидан намуданд.
Зимни шиносоӣ бобати дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани зимистон, захираи кофии маводи хурока, омода ва бо риояи қоидаҳои агротехникӣ кишт намудани заминҳои кишоварзӣ, вусъати корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи солгарди 35-уми ҷашни Истиқлоли давлатӣ, беҳтар намудани сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таълимӣ, беҳтар ба роҳ мондани хизматрасонӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ғайраҳо дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулин расонида шуд.
Ҳамчунин, гурӯҳҳои кории таблиғотии доимоамалкунандаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вазифадор гардиданд, ки зимни вохуриҳояшон дар ҳар як деҳаю маҳалалаҳо масъалаи фарҳанги истифодаи сарфакоронаи неруи барқ дар байни мардум васеъ тарғиб карда шавад.
