Сипеҳр Абуабдуллоҳи Ҳасанзод
ШАҲСУТУНЕ ДАР УЛУМИ ИҚТИСОД
(8 – март зодрӯзи профессор, доктори илмҳои иқтисодӣ Нидоев Нозимҷон Фозилович)
Зиндагиро ки гуфт номард аст,
Он ки гуфтаст, то куҷо мард аст.
Зиндагӣ марду мард мехоҳад,
Сари болову дард мехоҳад!
Нозимҷон бо зарофату ҷаззобати суханварӣ ва бо садои марғуладори худ аҳли маҳфилро хайрамақдам мегуфт.
Зодрӯз дар Рӯзи модар
Ҳар кӣ аз даричаи идрок сухан мегуфт. Соҳибҷашн мувоҷҷеҳи ҳарфу ҳиҷояшон чун шамъи маҳфил буд. Ҳузури генерал-майори хадамоти гумрук шодравон Кенҷа Ҳасанов бо либоси низомӣ давраро зеб мебахшид. Ровӣ лаҷоми суханро ба генерал дод.– Соҳибҷашни мо панди Саъдии бузургро гоҳе такрор мекунад «Ҷавҳар агар дар лойдон афтад ҳамон нафис аст ва агар ғубор бар фалак равад ҳамон хас аст»,- абрувони сермӯйи зебандаашро молида- гуфт генерал. –аҳли нишаст солҳо нону намаки хонадони Нозимҷонро хӯрдаем ва ба заковату ҳунари ӯ дар кору рӯзгораш қоилем. Вале ман дар ин рӯзи модарон раҳмат ба модаре мегӯям, ки чунин фарзанд ба дунё овардааст!
Ба ҷабини Нозимҷон ғам соя фиганд. Дар сафинаи хаёл гузаштаи начандон дураш рӯ зад. Модараш холаи Дилосо бистарии тӯлонӣ гардида, ӯ аз куҷоҳое доруи обакиву гиёҳҳои шифобахш оварда, бо бародарон аз сари болини модар дурӣ намеҷуст. Ровии маъруфи кишвар Абдурашиди Хуҷамқул, ки маҳфилро гарм медошт, пораеро аз бузургии модар бо лаҳни муассиру дилангези худ қироат намуд:
Кӯҳ шуд аз пойдориаш бузург,
Чашма шуд аз беқарорияш бузург,
Шуд сари гавҳораи фарзанди худ,
Модар аз шабзиндадориаш бузург.
Ровӣ ҳолати ҳузнро пай бурда, ҷилави суханро ба шухӣ кашида, гуфт: – Ҳеч боварам намеояд, ки Нозимҷон нимасра шуда бошад, чунон чобуку шуҷоъ аст, ки на ҳар наврасе нерӯмандии ӯро дорад. –Ин аз таъсири чашмаҳои зулолу ҳавои кӯҳистон бошад ё аз шогирдон энерҷӣ мегирад? –луқмаи шӯхиомезе ба гӯш расид аз ҳозирин. – Моро дил ҳамеша ҷавон аст!-шоирона гуфт соҳибҷашн ва ёрон аз таҳти дил хандиданд. Дӯстон аз хисоли соҳибҷашн ва аз фарҳангу адаби ниёгону муосир пора-пора мегуфтанд.
Ёди рӯзгори ширин
Дар шипанги нақшини ҳавлӣ, паҳлуи қиблагоҳаш, ки аз анбӯҳи шохи дарахти себ булбули баҳор бо шилдирроси рӯдак ҳамовозӣ дошт, зи насими омехта бо гулу гиёҳҳои атрноки баҳории Тоҷикобод ҳаловат бурдаву аз ашъори уламо ва удабои гузашта ғановати маънавӣ меандӯхт. Нозимҷон ба мураббиёни беминнаташ меҳр баст. Донист, ки дунёи поку беолоиши Пираки Мирак, Тақдири Карим, Абдураҳими Fафур, Василий Григорьевич Кашавцев, Шуҷоъ Орзу, Ҳафизи Аҳад, Назархоча Мусо, Роза Муллобоева, Дарвозӣ Ҳомид, Саидҷони Хуҷумбор (ёдашон ба хайр!), Ониябибӣ Масъуд, Мусаёри Муссаяб ва Исои Шароф чашмаи илҳомашро ба ҷӯш овардаанд.
Ниҳоли наврустаи боғи маърифат дар эъҷози нек ба дид меомад. Шогирди бовафо умре аз ишон миннатпазир ва аз заҳмати солормардон дар парваришаш қоил аст. – Падари соҳибиззату соҳибунвони Нозимҷон «Корманди Шоистаи Тоҷикистон» ва Аълочии маорифи ҷумхурӣ Фозил Нидоев ба таъкид мегуфт:
-Дониш машъали дилу мушкилкушои роҳи мураккаби зиндагист. Суханони падар ба писар шаҳпари парвоз мебахшиданд. Фатҳи қуллаи илм ҳамсони болошавӣ ба фарози кӯҳ осон даст намедиҳад. Бархе дар нимароҳ навмед ба раҳи дигар мегузаранд. Нозимҷон чун падари бузургвораш дар ҷодаи маърифат содиқ монд.
Собиқаи корӣ
Мавсуф баъди хатми Университети давлатии Тоҷикистон соли 1979 ба ҳайси лаборанти калон, иқтисодчӣ, ходими хурди илмии филиали тоҷикистонии Пажуҳишгоҳи умумииттифоқии илмиву тадқиқотии бозори истеъмолӣ ва маркетинги собиқ Вазорати савдои Иттиҳоди шуравӣ фаъолияташро оғоз намуд. Ҳамзамон аспиранти шуъбаи рӯзона, ассистент, омӯзгори калон ва сипас ҳамчун дотсент дар кафедраи иқтисоди савдои факултаи тиҷоративу идоравии донишгоҳ (1980-1992) фаъолият дошта, таҷрибаву малакаашро афзоиш дод. Шабзиндадориҳои фидоии илм абас нарафт.
Ҷавонтарин номзадҳои илми шӯравӣ
Баҳори соли 1985 Нозимҷон Нидоев кӯлвори саводашро ба ҳузури донишмандон дар шаҳри Киеви Ҷумҳурии Украина бо ҷасорат холӣ карда тавонист. Асоснок намудани зарурати ислоҳоти бунёдии иқтисодиёт ва муносиботи истеҳсоливу истифодаи меъёрҳои истеъмолӣ дар беҳдошти сатҳи ҳифзи иҷтимоӣ ба набзи иқтисоди ҷомеаи ҷахонӣ ҳамсадо гардонидани иқтисодиёти мамлакатамон баҳри некуаҳволии аҳолӣ паҳлуҳои муҳими таълифи олими ҷӯянда ва умедбахшро дарбар мегирифт. Устодони варзидаи Пажуҳишгоҳи илмиву тадқиқотии савдо ва хӯроки умумии Украина дар баррасии рисолаи «Мушкилоти мувозинаи талаботу таклифот ба молҳои истеъмолии халк» мизони ҳақиқатро гусутурданд.
Муҳокимаи рисолаи номзадӣ шадид гузашт. Чунки мавзӯи интихобӣ ҷолибу паҳлуҳои мухталифи иқтисодиёти мамлакатро фарогир буд, вале ӯ зимни ишора ба феҳристи доманадор бо далоили муътамад мегуфт. Аз об рӯшан аст, ки он солҳо дифои рисолаи илмӣ берун аз марзи кишвар, изофатан, ба забони ғайр ба донишандӯзи кӯҳистонӣ мушкил эҷод мекард. Вале ӯ ки дар дабистони шаҳраки Тоҷикобод дар ибтидо ба русӣ хонда буд, дар муошират душворӣ намекашид. Олимони рус ба заҳмати ҳамдиёри мо баҳои арзанда доданд. Роҳпаймои илм ба ҳимояи рисолаи номзадӣ ноил шуд. Чанд ҳамватан ба табрикаш омада буданд. Дар боз гашт ва Ҳамидуллохон Фақеров ҳозир шуда, пас аз муҳокимаи тӯлонӣ ӯ низ бо руйи сурх ва чеҳрахандон аз минбар пойин шуд. Дӯстон дар ин рӯзи муборак ба ҳам дастагул тақдим карданд. Ин барору комёбӣ дар он рӯзҳо ба ҳар донишандуз муяссар намешуд. Ду дӯст аз диёри тоҷикон оғӯш кушода, ҳамдигарро табрик мегуфтанд. Он ҳолати гуворо аз ёди ду тан умре зудуда нахоҳад шуд.
Баҳои устодон
Ӯ боргоҳи таълимиро манбаи такомули иқтисодиёти мамлакат медонад. Борҳо масъулияти раисии комиссияи ҳайати имтиҳонгири хатмкунандагони Донишгоҳҳоро ба ӯ бовар мекарданд. Олими пухтакор Нозимҷон Нидоев боргоҳҳои таълимиеро, ки раҳбарӣ менамуд, шабеҳи кохи бегазанди илми тоҷик дидан мехосту дар онҳо навгониҳое ворид менамуд.
Басо рамзист, ки академик Талбак Назар, Худойқул Ҳамроқулов, Сайфулло Ҳабиб, Анатолий Букатынский, Мирмахмад Нурмахмад, Хаким Қурбон, Алиҷон Боймат, Зокир Вазир, Музаффар Қаноат, Рустам Мирзо, Хушвақт Ғафур ва Исмоил Давлатро падари маънавии хеш ҳисобида, номашонро ба некӣ вирд меоварад. Абармардони олами маъонӣ роҳи илмияшро мунаввар доштаву дар боби донишандузӣ муттакояш буданд. Рӯзгори дар фарҷом зебои олимон ба зиндагияш пурмаъно зуҳур кардааст.
Иқтисоддон Нуридин Маҳмад мегӯяд, ки Нозимҷон Нидоев дар эъмори сиёсати гумруки ҷумҳурӣ амали сазовореро анҷом бахшида, дар тарбияи мутахассисони ҷавон чун мураббии сахтгир саҳми бориз дорад. Устод ба шогирдон пайваста таъкид мекунад, ки нерумандии иқтисодиёти мамлакат ба донандагонаш эҳтиёҷ дошта, касе аз берун барои ободгарӣ намеояд. Дили ҳар кас ба хонаи худаш месӯзад. Лиҳозо, дар ин самт донишкадаҳои иқтисодӣ пули боэътимод шуда метавонанд.
Ӯ мушкилоти иқтисодиро илман омӯхта, сатҳашро бо мамолики хориҷи кишвар қиёс мекунад. Устоди илми иқтисод будани ӯ боҳо раз ҷониби иктисодшиносон собит шуда, дар ҳошияи рисолаҳои илмиаш муқарризон А. Андрейчук, Л. Алексеевич ва дигар уламои иқтисод афкори ҷолиб нигоштаанд. Доктори илмҳои иқтисод, профессор А.С. Слепов ҳангоми муҳокима ин тарз баён дошта буд: «… ин намунаи баромади хоссаест, ки танҳо донишандӯзи асил бар он муваффақ мешавад».
Аз нигоҳи узви пайвастаи Академияи улум шодравон профессор Нодир Одил «Нозимҷон бидуни иқтисоддони воқеъбин буданаш тамаддуни бостони тоҷик-ҳикмати Шарқро хуб медонад, донишу маҳорат табииву мавзун дар ӯ мепечад, шахси қобил дар ҳама ҷою ҳама давр қобил аст.
Адабпарвар
Кам иктисоддонро пайдо мекунем, ки дар бақои забони модарӣ, лафзи ноби форсӣ ба гунаи ӯ талош варзад. Хондани зоҳирӣ дигару ба умқи маъною фалсафаи осор фурӯ рафтанҳо дигар аст. Нозимҷон ба ҷуз риштаи иқтисод адабиёти гузаштаро хуб медонад, ки аз падари адабпарвару ва модари китобдӯсташ мерос монда. Абёти шуарои пешинро ончунон боназокат ва бофасоҳат ба риштаи таҳлил кашида пораҳои назму насрро зебою пуртаъсир қироят менамояд, ки гуё адиби хушсадоест, ки ба минбар омада. Моро аз он хуш меояд, ки иқтисоддоне ба қадри шеъру сухани воло мерасад. Сатрҳои ҳикматомӯзеро дар хониши зебо вирд меовараду тору пудамонро навозиш мекунад.
Поягузорони гумруки кишвар
Ба андешаи нахустраҳбари Кумитаи гумруки кишвар Худойқул Ҳамроқулов дар ташкилу такмили соҳаи гумруки ҷумҳурӣ Нозимҷон Нидоев саҳми шоиста дорад. Бо ташаббуси Нозимҷон Нидоев солҳои соҳибистиқлолии кишвар паҳлуҳои танзими тарифи гумрукӣ ва масоили нархгузорӣ густариш ёфт. Ӯ ба бунёди Идораи тарифи гумрукии мақомоти марбутаи кишвар, барқарории маълумоти ҳисоботӣ ва воқеӣ, дурнамои пардохтхои гумрукӣ, таҳияи дастурамалҳои методӣ оид ба ситонидани пардохтхои гумрукӣ, такмилу танзими нархгузорӣ, тарифи гумрукӣ ва ташкили фаврии воридоти онҳо ба хазинаи давлат мусоидат намудааст.
Собиқаи кору пайкор
Бо ҷодаи илм Нозимҷон Нидоев аз ходими хурди илм ба дараҷаи дотсент, мудири шуъбаи кор бо донишҷӯёни хориҷии донишгоҳ, директори Техникуми савдои шаҳри Душанбе, сардори Саридораи инкишофи рақобат, сиёсати нархи Вазорати иқтисод ва сарвари идораҳои танзими тарифи гумрукӣ, мутахассисин ва кор бо ҳайати шахсии Кумитаи гумрук, сардори Бюрои такмили фаъолият, ҳамзамон сардори Идораи маҷмӯӣ, ташкилӣ ва бозрасии Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатӣ, ректори Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон, мудири шуъбаи Вазорати саноат ва технологияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мудири кафедраи экспертизаи молҳо ва фаъолияти гумрукии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва муддате муовини раиси комиссияи интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон сабзидааст.
Бидуни иҷрои вазоифи масъул дар мақомоти давлатӣ Н. Нидоев дар конфронсу семинарҳои илмиву амалии кишвар ва берун аз он доир ба масоили таъмини босуботи адолати иҷтимоӣ, ташаккули савдо ва такмили мақомоти андозу гумрук фаъол ширкат меварзиду ҳамоно дар ин ҷода фаъол аст. Баромаду мулоҳизарониҳои судмандаш қобили таваҷҷуҳанд.
Яке аз 70 асар
Заҳмати раҳнаварди илмро баробари асарҳои гуногунаш китоби мукаммали ӯ «Таъмини истиқлолияти иктисодӣ ва адолати босуботи иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ирфон», 2007) башорат медиҳад.
Муаллиф роҳҳои асосии ҳалли мушкилотро оид ба сифатҳои нави иҷтимоӣ, хусусиятхои хоси фаъолияти гумрукӣ, асосҳои маркетинг, самтҳои тағйири нарх, такмили тарифи гумрукӣ дар доираи танзими давлатии фаъолияти иқтисоди хориҷӣ ва мушкилоти бадастории истиқлолияти озуқавориро бо далоили муътамад мекушояд. Кашфи тоза дар омӯзиш ва бедории неруи зеҳнӣ, кушоиши баъзе муаммоҳо ва ҷараёнхо, даъват ба низоми иқтисодӣ ба хонандагон ёрирасони беминнат хоҳад буд.
Дар рисолаи докториаш «Асоснокии бехатарии кишоварзӣ Ҷумҳуриии Тоҷикистон» дар соли 2011 аввалин бор амнияти озуқавории кишвар дар асоси бехатарии кишоварзии ҷумҳурӣ, ҳифзи саломатии аҳолии деҳот, рушди инфрасохтори кишоварзӣ ва роҳҳои фароҳам овардани замина барои баромадан ба бозори ҷаҳонӣ тавассути маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тозаи кишоварзии кишвар, бахусус ба давлатҳои аъзои САҲШ илман асоснок ва нишон дода шудаанд.
Мукофоти амал
Хидматҳои бенуқсони ӯ бо унвони «Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», нишонҳои Аълочии маорифи халк, Аълочии Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ, Ифтихорномаи Донишкадаи марказии илмиву тадқиқотӣ ва иқтисодиву нақшабандии давлати Федератсияи Руссия ва даҳҳо сипосномаҳо қадр гардидааст. Ровии иқтисод бо мақсади такмили ихтисос борҳо ба мамолики хориҷи дуру наздик, аз қабили ИМА, Канада, Хитой, Руссия, Қазоқистон, Кирғизистон, Белорус, Украина, Молдова, Испания, Австрия ва чандин кишвари дигари ҷаҳон сафари хидматӣ дошта, аз ин сафарҳо ӯ бо таассуроти рангин ва дипломсертификатҳо баргаштааст. Омӯзиши муттасил ва табодули таҷрибаи кормандони макомоти соҳа дар давлатҳои хориҷро рукни муҳими пешравӣ арзёбӣ мекунад.
Мепарастам зиндагиро…
Чароғи ҳуҷраи ӯ шабҳо фурӯзон аст. Болои мизаш хуҷҷатҳо пареш хобида, ҳар яке бори масъулият металабад. Вақтҳои холигӣ асари навбатиашро такмил мебахшад. Бо вуҷуди иншои беш аз ҳафтод асари илмӣ мехоҳад маҷмуъаи тозаеро ба маърази алоқамандони иқтисод вогузорад.
Аз ҳарфи хуш ва саммимият кӯдаквор завқ мебараду табассум мекунад, аз нохушие чеҳрааш дарҳол ғубор мегирад. Дар паҳлӯяш набудани бародарони сиёсатмадору хирадманд Махсуму Фазлиддинро, ки дар айни ҷушу хурӯши ҷавонмардӣ ва хидмати меҳану миллат олами фониро тарк гуфтаанд, ҳамеша эҳсос мекунад. Ҳамоҳанги мусиқии асилу волои тоҷикона ғаму андуҳашро об мебарад ва суруди парвози уқоби Зафар аз тори ӯ танинандоз мегардад.
Нозимҷон хаёле парвози ӯро ба муоина гирифта, ҳикмати шайх Саъдиро пеши рӯ меорад: “Нагуфта будам, ки дар вақти рафтан тиҳидастонро дасти далерӣ бастаасту сарпанҷаи шери шикаста?…
Ӯ ҷавонмарди хеле қобил будӣ, сирати зебои ӯ дар дил будӣ, афкори ноқобилон ботил будӣ, оламеро нусхаи фозил будӣ. Мекашад пайваста ранҷ, то ба нафъи кишвараш барчош созад ганҷ-ганҷ. Афъоли некаш роқим аст, роҳи ӯ бас мустақим аст.
Ба ойина нигариста хаёлаш ба рӯзгори пешин меравад: – Падар, одамизод дар ин умри кутаҳ барои чӣ мезияд? – Омадаем, ки пасовандон бидонанд, ки бо саодат зиставу бо садоқат рафтаем.
Кӣ медонад, ҳикмати сурури ваҷдомези қиблагоҳаш дар ойина барои ҳамин рӯз тавлид мешуд. Талхиву шириниҳои зиндагиро бешумор чашид ва инак дар он рӯшан мебинад ойинаи иқтисоди мамлакатро. Болоравии сарводаи фарҳангиву некуаҳволии халқ аз ӯ ва ҳаммаслаконаш басо вобастагӣ дошта, таҷрибаву хидмати олишон афкори нав металабад, ки ба ҳаводиси ҷомеаи мураккаби имрӯза бо заковат бингаранд.
Паси мизи корӣ сари хурдтарин рақам дақиқ ва бо таҳаммули хос хома меронад.
Аз гузаштаҳо мисраҳои модари муаллифи «Тоҷикон» Розияи Озодро, ки дар маҳфилҳо мехонд, чун василаи дилгармӣ ва тасаллият ба ёдаш мерасанд:
Зиндагӣ монанди дарё авҷ дорад, мавҷ дорад,
Гоҳ аз авҷаш фарорад, гоҳ бар авҷаш барорад.
Мепарастам зиндагиро, бо ҳама ҳама нозу итобаш,
бо азобу изтиробаш…