Раиси ноҳия: Фақерзода Қадриддин Аббос
Маълумотнома
Фақерзода Қадриддин Аббос соли 1969 дар деҳаи Шарқиёни ноҳияи Тоҷикобод дар оилаи хизматчии давлатӣ таваллуд ёфтааст.
Солҳои 1988 – 1990 дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ қарзи шаҳрвандиашро ба ҷо овард.
Фаъолияти меҳнатии Фақерзода Қ.А. бо кори комсомол ва сонитар бахши кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия аз соли 1992 оғоз ёфтааст. Шуруъ аз соли 1997 то соли 2011 мудирии бахши кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияро ба уҳда дошт.
Солҳои 2011 – 2017 дар вазифаи Директори Корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» – и ноҳия кор кард. Охирон дар вазифаи раиси ҷамоати Нӯшор анҷоми вазифа дошт.
Маълумоташ олӣ. Соли 1999 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси таърихчӣ хатм намуд. Барои гирифтани ихтисоси дуюм ба Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дохил шуда, соли 2012 онро бо ихтисоси иқтисодчӣ – бозрасии андоз хатм намудааст. Се даъват вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия интихоб шудааст. Аз ҷумла, дар даъвати солҳои 2020- 2025 аз ҳавзаи интихоботии Шарқиён № 28 вакил интихоб гардид.
Оиладор, соҳиби 5 нафар фарзанд мебошад.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 майи соли 2020 раиси ноҳияи Тоҷикобод таъин гардид.