Ноҳияи Тоҷикобод: шарҳи ҳолат, маълумоти таърихӣ ва шароитҳои табиӣ

Тавсифи ҷӯғрофӣ ва демографии ноҳияи Тоҷикобод. Ноҳияи Тоҷикобод чун як ҷузъи таркибии Тоҷикистони азиз, дар водии Раштонзамин ҷойгир шуда табиати пурнакҳаташ ба дилҳо фараҳ ба хшида насими гулафшонаш рӯҳро болида медорад. Кӯҳу барзанаш сабзпӯш асту пурфайз, ҳар пораи сангашу ҳар ваҷаб заминаш зархез асту ҳусунофарин. Бе муболиға ин мавзеъ диёрест биҳиштосо ва неъматофарин. Ноҳияи Тоҷикобод аз тарафи шарқу  шимол бо ноҳияи Лахш аз тарафи  ғарбу шимол бо ноҳияи Рашт ва аз тарафи ҷануб бо ноҳияи Сангвор ҳамсарҳад мебошад.  Масоҳати умумии ноҳия 73,4 км2 буда, маркази ноҳия аз маркази шаҳри Душанбе дар масофаи 240- км дур мавқеъ гирифтааст. Ноҳияи Тоҷикобод аз лиҳози маъмурӣ  шаҳраки Тоҷикобод, ҷамоатҳои деҳоти  Қалъаи Лаби Об, ба номи М Шогадоев, Нӯшор, Лангари Шоҳ ва ҷамоати Ширинчашмаро дарбар мегирад.  Ҷамоати Ширинчашма соли 2003  ва шаҳраки Тоҷикобод  декабри соли 2017 дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуданд.

Дар ноҳия саросар сокинони бумии Ҷумҳурии Тоҷикистон  сукунат доранд. Шумораи умумии дигар милатҳо мувофиқи маълумотҳои баруйхатгирии соли 2010 – ум 48- нафаро ташкил мекунанд.  Ба ҳолати 1- уми январи соли 2017- аҳолии ноҳия  44420 – нафаро ташкил дода,  аслан мардум дар деҳот зиндагӣ  мекунанд. Аз  шумораи умумии аҳоли 22822- нафарашон мардон ва 21593- нафарашонро занон ташкил мекунанд.

 

Воҳидҳди маъмуриву ҳудудӣ

 

Шумораи хоҷагиҳо

 

Шумораи аҳолӣ

Қалаи Лаби Об 1610 11432
М. Шогадоев 698 5400
Ширинчашма 625 4463
Нӯшор 1720 12460
Лангари шоҳ 1352 10665
Ҳамагӣ: 6005 44420

Маълумоти таърихиву фарҳангӣ: Тавре аз ҷониби баъзе олимону сайёҳони гузаштаву имрӯзаи кишварҳои гуногун, аз ҷумла сайёҳони хитоӣ, арабу форс тазаккур шудааст, ки водии Рашт, аз ҷумла ноҳияи Тоҷикобод дар гузаштаи дур дорои таъриху фарҳанг, алифбову адабиёт будааст. Дар ҳазораи аввали пеш аз солшуморӣ як шохаи Роҳи бузурги Абрешим ба воситаи води Рашт ва Олой гузашта, дунёи шарқу ғарбро ба ҳам мепайвастааст. Харобиҳои Қалъаи Лаби Об дар  ҷамоати Қалъаи Лаби Об  далели онанд, ки дар ин ноҳия санъати меъмориву шаҳрсозӣ ҳанӯз дар даврони қадим инкишоф ёфта буд.

7 – уми августи соли 1936 ноҳияи Қалъаи Лаби Об ташкил гардида, ки он вақтҳо  марказаш деҳаи имрӯзаи Қалъаи Лаби Об ба шумор мерафт. Июли соли 1949 ноҳияи Қалъаи Лаби Об ба номи ноҳияи Тоҷикобод табдили ном карда, марказаш аз деҳаи Қалъаи Лаби Об ба маркази имрӯза кучонида шуд. Тоҷикободиҳо аз он ифтихорманданд, ки номи ноҳия соли 1949 бо пешниҳоди  котиби якуми ҳамондавраи Ҳизби Комунистии Тоҷикистон, қаҳрамони  Тоҷикистон  Бобоҷон Fафуров гузошта шудааст.  Январи соли 1963 ноҳияи Тоҷикобод барҳам дода шуда, то соли 1965 Тоҷикобод дар тобеъияти ноҳияи Ҷиргатол( Лахш) ва аз соли 1965 то соли 1991 дар тобеъияти ноҳияи Ғарм (Рашт) қарор дошт.   26 –  уми феврали соли 1991 бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияи Тоҷикобод аз нав ташкил ёфта, Иҷлосияи якуми ташкилии ноҳия 23-юми июли ҳамон сол Ҳукумати ноҳияро таъсис дод.

Иқлим ва захираҳои табиӣ: Ноҳияи Тоҷикобод  дар канори  дарёи Сурхоб (саргаҳи дарёи Вахш) воқеъ буда, маркази ноҳия аз  сатҳи баҳр дар баландии 1500-1600  – мм ҷойгир мебошад. Қисми шарқии нҳияро дарёи Сурхоб ва қисми шимолиро нишебиҳои   ғарбии қаторкӯҳи  Асасис  ва ғарбиашро қаторкӯҳои Пётри I  (то 6785 м, қ.) ишғол кардаанд. Иқлим вобаста ба баландиҳо тағйир ёфта,  дар баландиҳои 1500-3000 м иқлим мӯътадил буда, тобистонаш салқин зимистонаш хунук аст. Ҳарорати миёнаи ҳаво дар фасли тобистон 15-200 С, ва фасли зимистон аз 5 то 100 С ва дар баландиҳои бештар аз 3000 метр иқлими хунук ҳукумфармост. Боришоти солона дар нишебии қаторкӯҳҳои Пиётри I  ва  Асасис 800-900 мм мебошад. Теғаи кӯҳҳои баланд ба тармаву пиряхҳо пӯшида шудаанд. Дарёи Сурхоб маркази ноҳияро дар масофаи 47км убур намуда,  аз пиряхҳо 10 –  дарёча вориди он мегардад.  Дарёчаи Оби- ширин, Оби-сафед, Зарнисор, Нӯшор, Файзбор, Фатҳобод, Деҳдҳи, Одилобод, Сабзазор ва Мазори боло, ки сарчашмаро аз пиряхҳо мегиранд.  Сатҳи афзалиятноки вазиши бод аз ғарб ба шарқ буда, бо ҳисоби миёна дар як сония 15 – 20 метр мевазад.  Дар ҳудуди ноҳия растаниҳои даштӣ ва бешадаштӣ, кӯҳӣ мерӯянд, ки аксари онҳо набототи доругианд. Дар баландиҳои 1500-2000 м набототи даштӣ – ҳар гунна гиёҳҳо (бештар гандумак, ковил, типчак, чатргулҳо, лӯбиёиҳо, шибоғ, талха, тхач, зардгиёҳ ва сипанди куҳӣ мерӯяд. Олами ҳайвоноти ҳудуди ноҳия ғанӣ аст. Дар қисми шарқву чанубии ноҳия хирс, хук, гург, рӯбоҳ, гурбаи ваҳшӣ, қашқалдоқ, дала, дар баландкӯҳҳо бошад бузу гӯсфанди ваҳшӣ, суғур, барс ҳаёт ба сар мебаранд. Олами парандагони ин диёр ҳам рангин мебошад. Ноҳия аз канданиҳои фоиданок бой аст. Захираҳои, конҳои ангиштсанг хоки кӯлолӣ, қум, обҳои маъданӣ, намак, намаксанг ва дигар канданиҳои фоиданок бой мебошад.  Бояд ёдовар шуд,ки боигариҳои ин музофот  дар ояндаи наздиктарин ба манфиати мардуми кишвари азизамон  хизмат хоҳанд кард. Дар қаламрави ноҳия чашмаҳои зиёди бофишор ва бефишор лаззаташон ширин, талх ва тумч мавҷуд аст. 

Имкониятҳои саёҳӣ: Табиат ва иқлими ноҳия  барои сайёҳӣ аз қабили кӯҳнавардӣ, лижатозӣ,  қаиқронӣ  хеле мувофиқ буда, чандин солҳост, ки диққати дустдорону  шавқмандони саёҳат ва кӯҳнавардиро қуллаҳои осмонбӯси Пётри I, Агасис, пиряхҳои  Дидол ва Москвина ба худ ҷалб намудааст.

 

Тоҷикобод

Тоҷикободам, дари дилро ба рӯям боз кун,

Тоҷикам – дилдодаат, дилдодаро дамсоз кун.

Гарчи об аз кӯҳсорат накардам нӯш ман,

Савту сози обшоронат накардам гӯш ман.

Гарчи дида бори аввал дар барат накшодаам,

Кӯдакона пой дар хоки дарат наниҳодаам.

Дӯст медорам туро чун гӯшаи хоки Ватан,

Гӯшаи ҳамноми халқам – халқи бебоки Ватан.

Дил ҳамехоҳад кунад парвоз ҳардам сӯи ту,

Ишқ варзад маст гардад дар канори ҷӯи ту.

Тоҷикободам, тапишҳои диламро гӯш кун,

Омадам суят маро фарзандвор оғуш кун.

                                 Ғоиб Сафарзода