Гиромидошти забони давлатӣ

 Дар толори шуъбаи фарҳанги ноҳияи Тоҷикобод Рӯзи забони давлатӣ бо шукуҳ ва шаҳомати хосса таҷлил гардид.    
   Дар он намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии ноҳия, адибон, кормандони ташкилоту муассисаҳо омӯзгорону хонандагон иштирок намуданд.   
Чорабинии мазкурро Раиси ноҳияи Тоҷикобод Қадриддин Фақерзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, дар  бораи  аҳамияти гиромидошти забони  давлатӣ  ва   омилхои рушду нумӯи  он  дар замони соҳибистиқлолӣ ва хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд.  Зимни маърузаи хеш муовини раиси ноҳия зикр намуданд, ки забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қадимаи дунё ба ҳисоб рафта, таърихи бузург дорад. Имрӯз ин забони муқаддасро чун забони бузурги тамаддуни башарӣ дар тамоми қаламрави дунё мешиносанд ва мехоҳанд онро биомӯзанд. Аз ин рӯ мо соҳибзабонон низ вазифадорем, ки забони бузурги модариамонро поку беолоиш нигоҳ дошта, дар тозагиву равонии он ҳамарӯза саҳмгузор бошем.

         Забони тоҷикӣ дар тули қарнҳо бо вуҷуди хуҷумҳои  аҷнабиён ба ин сарзамин асолати худро нигоҳ дошта то ба имрӯз ҳамчун яке аз забонҳои нобу оламшумул шуҳрат дорад.

        Зимни баромади хеш муҳарири рӯзномаи Паёми Тоҷикобод Абдусаторзода Баҳодур дар бораи  нақш ва ҷойгоҳи забони тоҷикӣ дар замони шуравӣ маълумоти муфассал дода иброз намуданд, ки забони тоҷикӣ аз давраи ташаккули худ то ба имрӯз бо вуҷуди фишори дигар миллатҳо ва бегонапарастии баъзе ҳамзабонон аз ҷиҳати луғат ва сохтори наҳвию услубӣ кам ба дигаргунӣ дучор шудааст. Аз ҳамин лиҳоз, дар байни дигар забонҳо ягона забонест, ки тақрибан вазъи беш аз ҳазорсолаи хешро нигоҳ доштааст.

  Чанде аз омузгорони забон перомуни тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатӣ ва таҳрири нави қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ маълумот дода, ҳифзу гиромидошт ва риояи ҳатмии онро ба хотири рушди забон натанҳо дар коргузории давлатӣ ва муассисаҳои таълимӣ балки дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ  вазифаи муқаддаси омӯзгорон ва ҳар як фарди бонангу баномус арзёбӣ намуданд.

          Директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 Ваҳобниё Суҳроб атрофи ҷойгоҳи забони тоҷикӣ дар шеъри шоирон маълумот дода, аз байтҳои ноби шоирони тоҷик дар васф ва ситоиши забони тоҷикӣ ёдовар шуд. Номбурда таъкид намуданд, ки забони тоҷикӣ забонест, ки Саъдию Ҳофизи бузург, Синою Хайём, Бедилу Низомӣ, бо он ҳарф мегуфтанд. Забоне, ки Айниву Лоҳутӣ, Мирсаиду Турсунзода, Бозору Лоиқ номдораш гардонидаанд, ки имрӯз аз ҳастии бузургаш меболем. Пас, бе мулоҳиза метавон гуфт, ки забони тоҷикӣ чун лафзи фасеҳу равон, содаву фаҳмо, ҳанӯз дар замонҳои зиндагии Рӯдакии бузург бо сухани бузург вуҷуд доштааст ва дар ташаккули забони порсии дарии тоҷикӣ садҳо бузургони хирад ҳидмати босазое намудаанд.

       Зимни баррасии маърузаҳо аз тарафи масъулини комиссияи татбиқи забони назди мақомоти иҷроия доир ба риояи меъёрҳои забони давлатӣ  дар муассисаҳо, матбуоти маҳаллӣ , лавҳаю шиор, эълон ва номгӯи ташкилоту идора  ҳисобот пешниҳод карда шуд.  Ба масъулини соҳа  дастур дода шуд, ки баҳри татбиқи қонуни мазкур  ҳамкориро бо ташкилоту муассисаҳо  ба роҳ монда ҷараёни амалигадонии онро назорат намоянд.
       Дар охири чорабинӣ барномаи театрикунонидаи шуъбаи фарҳанги ноҳия иборат аз шеъру тарона дар васфи забон  пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code