Бахшида ба рӯзи Рӯзи даъватшаванда» дар боғи навбунёди фарҳангию фароғатии ноҳияи Тоҷикобод ҷамъомади тантанавӣ доир гардид, ки дар он роҳбарияти мақомоти иҷроия, сохторҳои қудратӣ, роҳбарони ташкилоту муассиса, даъватшавандагон ва  волидону наздикони онҳо  ширкат варзиданд.

Комиссари комиссариати ҳарбии ноҳия Худоёрзода М. доир ба рафти иҷрои нақшаи даъват ҳисоботи муфассал  қироат намуд. Бархе аз волидон баромад намуда, аз ҷумла иброз доштанд, ки дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани корҳои тарғиботӣ ва усули қуръагирӣ 68 нафар ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурӣ пайвастанд.

           Дар баромадҳо  аз  усули қуръапартоӣ, ки бори дуюм бо ташаббуси раиси ноҳияи Тоҷикобод гузаронида мешавад,  барои  бо сифати баланд, дар фазои орому озод  ва   сари вақт иҷро шудани нақша  мусоидат намуд, изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Таъкид гардид, ки  иқдоми мазкур боиси пайравӣ дар дигар шаҳру навоҳӣ тавсия дода мешавад,  зеро он  тавшишу изтиробҳои солҳои  қаблиро дар маросими даъват бартараф намудааст.
  Дар поёни ҷамъомад ҳунармандони шуъбаи фарҳанги ноҳия бо барномаи рангин хотири наваскарону волидонро шод намуданд.

Рӯзи 1 октябр даъватшавандагони ноҳия  дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба «Рӯзи даъватшаванда», ки дар майдони яке аз қушунҳои ҳарбӣ дар  маркази ноҳияи Рашт бо иштироки роҳбарони навоҳӣ  ва даъватшавандагони ноҳияҳои водии Раштонзамин доир гардид, иштирок намуда, аз он ҷо барои шомил шудан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ба  пойтахти ҷумҳурӣ раҳсипор гардиданд.Рохбарияти нохия

     

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code