Ҷашни Истиқлол дар Тоҷикобод“http://tojikobod.tj/views/uploads/2022/09/FB_IMG_1663391290410-300×225.jpg” alt=”” width=”300″ height=”225″ class=”alignnone size-medium wp-image-5618″ />
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод ҷашни 31-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои идона таҷлил намуданд. Дар арафаи ҷашн якчанд иншооти муҳими хоҷагии халқ мавриди истифода қарор гирифтанд. Аз ҷумла дар деҳаи Ширинчашма бо дастгирии шарикони рушд хати оби нӯшокӣ мавриди истифодаи 200 хоҷаги қарор дода шуд. Дар ин рӯз сокини деҳаи баландкӯҳи Себистон соҳиби бунгоҳи нави саломатӣ гардиданд. Дар назди муассисаи таҳсилоти иловагии ноҳия бо дастгирии ташкилоти ЮНИСЕФ озмоишгоҳи инноватсиони таъсис дода шуд.
Чорабинии идона субҳи барвақт дар боғи фарҳангию фароғатӣ оғоз гардид. Мардуми ҷамъомадаро раиси ноҳияи Тоҷикобод Фақерзода Қадриддин Аббос ба муносибати ин санаи муҳим шодбош гуфта, дастовардҳои ноҳияро самараи даврони истиқлол арзёбӣ номид.
Намояндаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раиси кумитаи давлатии забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Маҳмадҷонзода дар назди ҳозирин баромад намуда нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, Мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими истиқлол ва давлатдории миллӣ, аз ҷумла рушди ноҳияи Тоҷикобод барҷаста арзёбӣ намуд.
Дар чорабинӣ роҳбарияти ҶСК “Тоҷиктрансгаз” низ иштирок доштанд.
Ҳунармандони шӯъбаи фарҳанги ноҳия бо суруду таронаҳои тоза эҷод дар васфи истиқлол, ваҳдат ва тараннуми Ватани маҳбуб ҷашни Истиқлолро Шукӯҳу шаҳомати хосса бахшиданд.